ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Муҳтоҷ ба нонему чу иброз намоем,
Гӯянд, ки дар чашми гадо шарму ҳаё нест.
Рӯ бар дари ҳар хона, ки орем ба пархош,
Гӯянд: Раҳи хеш бигиред, ки ҷо нест.
Ё Раб, ту бибахшой зи лутфу карами хеш,
К-ин марди ғанӣ ҳеч ба фикри фуқаро нест.
Додӣ ба тавонгар, ки ба дарвеш бибахшад,
Дар тинати ин тӯда ту донӣ, ки ато нест.
Соҳибзари мағрур куҷо фикри фақир аст,
К-он сӯхтаро дард фаровону даво нест?
Баргӯй бад-он марди ғанӣ тарки ҷафо кун,
Бар хотири шӯридаи мо ҷавр раво нест.
Он кас, ки зи ҷон хизмати дилсӯхтагон кард,
Донад, ки дар ин марҳала ҷуз сулҳу сафо нест.
Аз хеш гузаштан бувад ойини муҳаббат,
Дилро ҳунаре хубтар аз меҳру вафо нест.
Нобуд нагардад ба ҷаҳон, Жола, накӯкор,
Роҳест муҳаббат, ки дар он ҳеч фано нест.
КӮДАКИ ЯТИМ
Ман кӯдаки зору дардмандам,
Бехонаву бекасу гирифтор.
Маҳзуну фақиру мустамандам,
Бинҳода фалак ба дӯши ман бор.
Овах, ки ятиму хурдсолам,
Афсурдадилу шикастаболам.
З-он рӯз, ки дар чаман дамидам,
Ҷуз хор касе набуд ёрам.
Азбаски ситам зи чарх дидам,
Пажмурд дили умедворам.
Чун ғунча дилам ба боғ хун шуд,
Ашки мани хаста лолагун шуд.
З-он рӯз, ки модари азизам,
Рӯй аз мани хастадил ниҳон кард.
Ҳамвора ду чашми ашкрезам,
Аз қалби шикаста хун равон кард.
Об ар начакад зи дидагонам,
Чун оташи дил фурӯ нишонам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё