Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Худо ҳофиз, эй Шаҳриёри азиз,
Худо ҳофизат бод, ёри азиз.

Шаҳриёр пеш рафта даст ба шонаи Шаҳин ниҳода надимҳо низ ҷавоҳиротро ба сару рӯяш мезананд.

Шаҳриёр:

Шаҳинӣ ту, ту шоҳи духтаронӣ,
Ту маҳбуби манӣ, ороми ҷонӣ.
Чӣ ғам, гар ҷоҳу мулкат нест, ҷоно,
Ту соҳибҷоҳ хоҳӣ гашт фардо.
Шавӣ фардо чу, эй Маҳ, ҳамсари ман,
Ту гардӣ соҳиби симу зари ман.
Зи зар ишқи ҳақиқӣ бениёз аст,
Дари некӣ ба рўйи ишқ боз аст.
Муҳаббат озу озоре надорад,
Муҳаббат бо тило коре надорад.
Муҳаббат чеҳраи зебо нахоҳад,
Муҳаббат ҷомаи дебо нахоҳад.
Муҳаббат поку чашми ишқ кӯр аст,
Муҳаббат аз риёву ранг дур аст.
Шавад ҷон равшан аз нури муҳаббат,
Шарар бар дил занад нури муҳаббат.
Туро, эй ҷон, дил гар симу зар нест,
Маро ҳаргиз ба симу зар назар нест.
Биё, бо якдигар ҳамроз гардем,
Ба оини вафо дамсоз гардем.

Шаҳин хуррам ва хандон мегӯяд:

Шодам, ки дар ин даҳр вафо ҳаст,
Сафо ҳаст,
Оре, ба ҷаҳон сулҳу сафо ҳаст,
Вафо ҳаст.

Ҳама бо ҳам:

Вафо ҳаст,
Вафо ҳаст.

Шаҳину Шаҳриёр ва надимҳо дар як болети зебо ширкат меҷӯянд.

АЗ МАҶМӮАИ «ЗИНДАРӮД»

ПАРАНДАГОНИ МУҲОҶИР—1

Парандагони муҳоҷир! Замони он омад,
Ки сӯйи бораи худ шодмона баргардем.
Ба он чаман, ки зи сайёд гашта зеру забар,
Барои сохтани ошёна баргардем.

Ба сар расид зимистони сарди ҷонфарсо,
Баҳор омаду ид асту рӯзи дидор аст.

пешина
аз 263
навбатӣ