Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар ҷӯйбори ҳар раги ман роҳ ёфта,
Туғён намуда дар паси лабҳои бастаам.

Фарёди бесадо,
Дар тору пуди ман,
Овои тундарест, ки печад ба кӯҳсор,
Рагборҳои сахрашикан,
Мавҷҳои маст
Дарёи пурталотуми тӯфон гирифтааст.

Фарёди ман,
Овози ношинохтаи ахтарони дур,
Покӯбии худоён дар маъбади булӯр,
Оҳангҳои гоми замон,
Гардиши замин,
Афсонаи шукуфтани инсон
В-он гиряи нахустин,
Лабханди вопасин.
Ишқаш. Набардаш. Он сари андешапарвараш,
Бонги баланди ҳастии эъҷозовараш.

Инҳост,
Фарёди бесадо, ки кунад дар дилам хурӯш,
Аммо ба чашми ту,
Чанге шикастаам,
Биншастаам хамӯш.

ҲАРГИЗ БАРНАГАРДАМ

Агар бархостам з-ин бистари дард,
Бигирам боли мурғони ҳаворо,
Кунам парвоз то ҷон дар танам ҳаст,
Ману он даштҳои офтобӣ,
Ману он куҳҳои саркаши маст.

Ману домони ҷангалҳои анбӯҳ,
Ману тӯфону дарёҳои ғуррон,
Ману ғавғои сангарҳои пайкор.

Қасам бар покии лабханди кӯдак,
Қасам бар гармии Хуршеди сӯзон,
Қасам бар оташи дилҳои бедор,
К-аз ин парвоз ҳаргиз барнагардам.

ЖОЛА—3

АЗ МАҶМӮАИ «КИШТИИ КАБУД»

ҚАСРИ БУЛӮР

Даруни қасри булӯрини худ чӣ озодам,
Ки роҳ бар ҳама офоқи бекарон дорам.
Замину гашти мудомаш даруни қасри ман аст,
Ситораву Маҳу Хуршеду Каҳкашон дорам.

пешина
аз 263
навбатӣ