Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гарду аз он дарахт бидуздиду хок кард,
Ҳар бор рӯйи хок,
Минқори хешро зи касофат пок кард.
Як бор ҳам надид,
Он булбули ҷавони ғазалхони боғро,
Ё диду ҳис накард,
Он рӯҳи ошиқонаи дур аз калоғро.

БА ЁДИ БУДДО

Уфуқ чу як шати воруна рехт рӯйи дарахтон
Ва дар кабуди саҳар
Шуданд обию равшан кабӯтарони сапед
Ва осмон ва замин шуд чу дашти нилуфар.
Даре кушод дар он дашт дасти андеша
Ба давраҳои дигар.

Миёни қофила Буддои порсои хамӯш,
Ридои зард ба дӯш,
Равад ба домани он бекаронаи абадӣ
Ва бо сукути муқаддас ба хештан гӯяд:
Касе, ки муждарасони ҳақиқати пок аст,
Ба ҳеч кас нашавад ҳамлавар.

Намедонам,
Агар ки Буддо имрӯз байни мо мебуд,
Чӣ месуруд барои гуруснагони ҷаҳон:
Суруди сулҳу сафо,
Ё ҳамосаи исён?

ОФТОБИ ОЗОДӢ

Ғизоли саркаши озод — эй ғизоли ҷавон,
Ки ҳамчу шохаи нахли баланд гардани туст
Ва сӯйи субҳи сапед,
Ситораҳои сиёҳи ду чашми равшани туст.
Даруни ойинаи қаҳваии чеҳраи ту
Шикаста қавсу қузаҳвор рангҳои умед.

Ғизоли саркаши озод,
Эй ғизоли ғаюр,
Бирав ба қуллаи он кӯҳҳои ваҳшии дур,
Бигӯ, бигӯ ба «дугун»-ҳо,
Худояшон Хуршед,
Аз осмон ба замин омада
Ва бар сараш зада садҳо пари тилоиранг.

Бигӯ, бигӯ, ки бикӯбанд таблҳошонро
Ва бо хурӯши «дунунбо»,
Хабар диҳанд ба марду зани қабилаи худ,
Ки селвор зи кӯҳсорҳо фуруд оянд,
Ба чашми хеш бибинанд то Худошонро,
Худойгони ҷаҳон, Офтоби озодӣ.

пешина
аз 263
навбатӣ