Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ғизоли саркаши озод!
Эй паямбари шеър,
Бисоз нағмаи ҷовиди рӯшноиро,
Бигӯ ҳамосаи пирӯзии раҳоиро,
Ки рӯзи рамзи тую растахези Африқост.
Суруди асри навинро бихон ба бонги баланд,
Ки шоириву садои ту ҷовидона расост.

ДОДГОҲ

Ҷаҳони ҷовид,
Аз ман ҳисоб мехоҳад
Шумо, ки ҳукмгузореду банда маҳкумам,
Барои ҳастиам аз ман ҷавоб мехоҳед?
Нахуст, лутфан, ҷурми маро кунед эълом.

Ҷаҳони ҷовидон,
Шумо, ки пайкарасозеду бо маҳорати том,
Зи ишқу ранҷ сириштед пайкари моро.
Шумо, ки рӯзи азал бо ҳазор афсона,
Ба дасти Одам додед дасти Ҳаворо.

Шумо, ки пири қурунед, хуб медонед,
Ки ман ба пои худ аслан наомадам ин ҷо,
Маро ба назди шумо чашмбаста оварданд.
Ва ман гиристаму бегунаҳ задам фарёд,
Фиғону гиряам оғози ошноӣ буд.
Ба сар расид чу бозӣ бо арӯсакҳо,
Шудам саропо бозичае ба дасти шумо,
Магар маро дигар аз дастатон раҳоӣ буд?

Мане, ки роҳиби осии ростин будам
Ва кори ман ҳама пайкору порсоӣ буд.
Мане, ки ахгаре аз оташи замон ҳастам,
Ҳамеша сӯзон аз меҳри дигарон ҳастам.
Мане, ки нағмасаро, сангарошён ҳастам,
Мане, ки раҳрави водии бекарон ҳастам
Ва ҳеч гоҳ сарам хам нашуд зи ранҷи шумо,
Ва ҳеч гоҳ накардам нигаҳ ба ганҷи шумо.
Барои ҳамчу мане додгоҳатон аз чист?
Ҷаҳони зебо,
Ман ошиқи шумо ҳастам,
Агар ки ишқ гуноҳ аст,
Ман гунаҳкорам,
Диҳед ҳар чӣ тавонед ранҷу озорам.
Ки ишқ хушбахтист
Ва ин шарори муқаддас насиби ҳар кас нест.

НИЁИШ

Ин Хуршед аст, ки замину он чӣ дар ӯст покиза медорад ва агар он набуд девон ҷаҳонро меолуданд ва вайрон мекарданд.

Авасто

пешина
аз 263
навбатӣ