Бачаҳои чобуксавор

— Бовар кардан мумкин, — гуфт Моҳира, ким-чиро ба ангушт ҳисоб карда. — Тамоман аз рӯйи мантиқ.
Охир ин ҷо сайёраи Чобук дар гирди меҳвари худ аз Замини мо дида хеле чобуктар аст. Ба ҳа-мин мутаносибан рӯзи моҳу сол тез мегузарад. Бо тақвими мо инҳо шашунимҳафтсолаанд, аммо бо ҳисоби худашон бистро пур кардаанд.
— Аҷоиб, гуфт Илҳом, пушти гарданашро хорида. — Маълум мешавад, ки инҳо аз ману ту ҳам калонсолтаранд?
— Аз рӯйи ҳисоби ин сайёра, ҳамин тавр.
— Ва ҳанӯз кӯдак?
— Не чаро? Дар шароити худ инҳо ҷавонони ҳақиқии баркамол ҳисоб мешаванд.
— Ин хел бошад, ман якеро янгаю дигареро поччо гӯям? — хандид Илҳом.
— Вақти шӯхӣ нест, Илҳом. Номашонро гирифтанамон даркор, — гуфт Моҳира.
Сиёҳаку Заррина хотирҷамъ шуда, бо иштиҳо наҳорӣ хӯрданд. Баъд бо хоҳиши сайёҳони мо саргузашти худро нақл карданд. Маълум шуд, ки то ба висоли якдигар расидан, онҳо азобу машаққати зиёдеро аз сар гузарондаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё