Зеҳн
Бачаҳои чобуксавор

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 50 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сатҳи сайёраи Чобук, асосан, бо уқёнус пӯшида буда, аз хушкӣ танҳо як қитъача, дурусташ як ҷазира доштааст. Дар он ҷазирае, ки тахминан Қрими Замини мо барин ҳаҷм доштааст, чобукиҳои майда ба як давлат муттаҳид шуда умр ба сар мебурдаанд.
Мамлакати онҳо хеле фаровон, мардумаш меҳнатдӯст ва ҳаёт осуда будааст. Ҳар кас аз пушти касбу ҳунари худ рӯз медидааст ва касе ба касе фармонфармоӣ намекардааст.
Аммо як сол муқаддам ҳодисае рӯй додааст, ки аз даҳшати он сокинони қитъа ҳанӯз ба худ омада наметавонистаанд. Рӯзе аз уқёнус ба ҷазира се адад махлуқи аҷинабашара шино карда мебарояд. Он махлуқони чуқурчашму дунгпешонӣ бо зӯри яроқи даҳшатнок одами бисёрро қир мекунанд ва халқро тарсонда ба худ тобеъ месозанд.
Бо таҳдиду кушокушиҳо он се аҷина ҳукмрони ҷазира шуда, ҳамаро ба дод меоранд. Чобукиҳои табиатан ҳалиму сулҳҷӯ, ки ғайр аз найзаву камони чӯбини шикорӣ аслиҳае надоштанд, ночор ғуломи ҳалқабаргӯши аҷинаҳо шуда монданд.
Сардори яғмогарони золим Қолаб ном зоти дағалу ҳарисе будааст, ки ғайр аз дӯғу даранг ва маишати шахсӣ ҳунаре надоштааст. Вай бо қувваи халқ дар шаҳри Чорсӯ қасри азиме созонда, худро Қолабшоҳ эълон кардааст, ба ҳама косибу деҳқон хироҷ андохтааст.

пешина
аз 50
навбатӣ