Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

Гўшҳо дар инкишофи нутқ, ки воситаи асосии онро ташкил медиҳанд, нақш мебозанд. Аз ин рў, гўшҳоро эҳтиёт кардан ва тоза нигоҳ доштан зарур аст.
Гўшро бо гўгирдчўб, сўзанак ва дигар чизҳои нўгтез кофтан ё тоза кардан мумкин нест, барои он ки эҳтимоли ба пардаи тунуки гўш осеб расидан ба миён меояд, ки оқибат ба узви шунавоӣ зарар мерасонад. Садоҳои гулдурросӣ, гўшхарош, овозҳои баланди мусиқӣ ва ғалоғулаи беҳуда қувваи узви шунавоиро суст мегардонанд, зеро мавҷи пуриқтидори садо метавонад ҳатто пардаи гўшро дарронад.
Онҳо на танҳо ба суст шудани қобилияти шунавоӣ ё пурра гум шудани он оварда мерасонанд, балки қобилияти кории инсонро костаю хастагиро афзун мегардонанд.
Баъди шустани сару тан ҳатман гўшҳоро бо сачоқи тоза, сачоқи қоғазӣ боэҳтиёт тоза кардан лозим аст. Ҳамеша дар ёд дошта бошед: гўшҳо бо пахта ё дока тоза карда мешаванд!
Бинӣ узви бўйфаҳмист. Бўйфаҳмӣ – қобилияти ҳискунии бўйҳои гуногун мебошад, ки мо ба воситаи он бўйҳои хуш ва бадро фарқ карда метавонем. Бўйҳое ҳастанд, ки одамро аз хатар эмин медоранд: мисли бўйи хўроки ғализ, бўйи газ ва ғайра. Аммо бўйи хуши ғизо иштиҳоро мекушояд.
Хонанда бояд аз хурдсолӣ маҳорати истифодаи рўймолчаро барои поккунии бинӣ дошта бошад. Ў бояд ҳангоми атса задан даҳонашро бо рўймолча пўшонад. Агар рўймолча надошта бошад, дар он сурат оби ҷудошудаи биниро фурў мебарад, ки он зарар дорад. Рўймолчаҳо бояд ҳамеша тоза бошанд ва ҳар рўз онҳоро бояд иваз кард, зеро даҳону биниро танҳо бо рўймолчаи тоза (хусусан ҳангоми бемории зуком) пок кардан шарт аст. Агар рўймолчаҳо ношуста бошанд, эҳтимоли гузаштани микробҳо ба узвҳо биноӣ, пўст, даҳон вуҷуд дорад.
Наврасон набояд бо даст биниро пок кунанд, даруни биниро бо ангушт кобанд. Онҳо бояд донанд, ки дар кўча, ҷойҳои ҷамъиятӣ биниро афшондан ва дасти ифлосро бо либос тоза кардан қатъиян нодуруст аст.

пешина
аз 80
навбатӣ