ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Обутобдиҳии бадан ва аз шамолхўрӣ худро эҳтиёт кардан – омилҳои асосии нигоҳ доштани қобилияти бўйфаҳмист.
§14. БЕҲДОШТИ ЧАШМ
Чашм узви биноӣ мебошад. Бо чашм муҳити атрофро мебинанд, ашёи гирду атрофро аз ҳам фарқ мекунанд. Дидани ҳама ашё, муҳити атроф, хондани китоб, кашидани расм, навиштан – ҳама ба воситаи биниши чашм вобаста аст. Чашм хусусияти муҳофизатӣ дорад. Пилки чашм, ки мижгон дорад, чашмро аз чангу ғубор ва равшании баланд муҳофизат мекунад. Абрў қатраҳои арақи пешониро ба чашм рехтан намемонад.
Ҳангоми хондан ё навиштан масофаи байни чашм ва китоб ё дафтар бояд 30-35 см бошад. Баъди 20-30 дақиқаи кор ба чашм 3-5 дақиқа истироҳат додан зарур аст. Ҳангоми навиштан рўшноӣ бояд аз тарафи чап бошад, дар акси ҳол сояи дасти рост ба рўйи дафтар меафтад ва торик мешавад.
Дар ҳолати хоб рафтан ва дар нақлиёт будан хондан зарар дорад. Тамошои телевизор ё кору бозӣ дар компютер на бештар аз 1,5-2 соат дар як рўз бошад.
§15. БЕҲДОШТИ НОХУНҲОИ ДАСТУ ПОЙ
Нохунҳои дасту пой ба нигоҳубини махсус ниёз
доранд. Дар давоми ду ҳафта як маротиба нохунҳои
дасту пойро хеле эҳтиёткорона гирифтан лозим аст,
чунки дар зери онҳо ифлосӣ ҷамъ мешавад ва тоза
кардани он душвор аст. Агар нохунҳои даст дароз
бошанд, одам метавонад тасодуфан рўйи худ ва дигаронро бихарошад. Нохунҳои ифлос нишона он
аст, ки соҳиби онҳо қоидаҳои беҳдошти шахсиро
риоя намекунад. Баъзе кўдакон нохунҳоро мехоянд, ки ин рафтори нодуруст аст!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё