ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Микробҳои зиёде, ки сабабгори бемориҳои сироятӣ мебошанд, асосан дар зери нохунҳои даст ҷамъ мешаванд. Зери нохунҳои даст метавонад ҷойи ғуншавии тухмҳои гелминтҳо (кирми меъда) шавад. Аз ин рў, нохунҳоро мунтазам тоза нигоҳ доштан зарур аст. Беҳтар аст дастҳо бо оби равон шуста шаванд. Гирифтан ва пок нигоҳ доштани нохунҳои пой низ лозим аст. Ба даҳон гирифтани ангушти даст мумкин нест!
§16. БЕҲДОШТИ ПЎСТИ БАДАН
Пўст – узви ломиса аст. Пўст бадани инсонро аз таъсири беруна муҳофизат мекунад. Одам бо пўст хунукӣ, гармӣ, мулоим ва сахтиву нармии ашёро дарк мекунад. Агар шумо чашмҳоятонро бипўшед, тавассути ламс (даст расондан) ҳаҷму шакли ашёро муайян карда метавонед.
Бояд кўшиш кард, ки пўст аз захмӣ шудан, сўхтан ва сармо задан эмин нигоҳ дошта шавад. Вазифаи асосии пўст муҳофизат кардани узвҳои дохилии бадан аз таъсири муҳити атроф, яъне сармо, гармӣ ва микробу бактерияҳо мебошад.
Оё арақ кардан ва равғаннокии пўст фоида дорад?
Албатта, онҳо барои пўст аҳамияти калон доранд. Равған пўстро мулоим мегардонад, арақи пўст дар натиҷаи гармии бадан пайдо шуда, ҷисмро салқин мекунад. Агар арақкунӣ ва равғаннокии пўст аз ҳад зиёд шавад, метавонад боиси часпидани чангу хок гардад ва сабаби бемориҳо низ мешавад. Аз ин рў, пўстро ҳамеша тоза нигоҳ доштан лозим аст.
Баданро ҳар ҳафта як маротиба бо собун шустан шарт аст. Фаромўш накунед, ки дастонро дар як рўз якчанд маротиба шустан ва бо сачоқ пок кардан лозим аст. Агар дасту рўйро нағз пок накунанд, пўст қоқ шуда мекафад.
Ҳангоми захмӣ шудан, сўхтан, лат хўрдани пўст, ҳатман ёрии аввалини тиббӣ расонидан зарур аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё