ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Бояд ҳар як аъзои оила ва хонанда шонаи алоҳидаи худашро дошта бошад. Онҳоро бояд ҳамеша тоза нигоҳ дошт. Агар ин қоидаҳо риоя шаванд, мўй аз бемориҳо ҳифз карда мешавад.
§17. ШУСТУШЎЙИ ЛИБОС
Тозагӣ – гарави саломатӣ. Ин суханҳо ба тозагии сару либос низ дахл дорад. На танҳо хона, ашёи рўзгор, муҳити атроф, балки сару либос низ бояд ҳамеша тоза, дарзмолшуда ва дилкаш бошад. Аз ин рў, мо бояд дар бораи шустушўйи либос маълумот дошта бошем.
Либоси бачагона, пеш аз ҳама, бояд сабук, шинам ва зебо бошад. Муҳимаш ин аст, ки вай ба роҳ рафтан, нафаскашӣ, гардиши хун халал нарасонад ва пўсти бадан аз вай азият накашад.
Либос бояд ба фаслҳои сол ва боду ҳаво мувофиқ пўшида шавад. Ба наврасон либоси аз ҳад зиёд гарм пўшонидан низ зарар дорад.
Барои кўдакону наврасон тозагии либос ва рахти хоб хеле муҳим аст. Рахти хобро ҳафтае як бор, ҷўроб, рўймолча ва калготкиро бояд ҳар рўз иваз кард. Ҳамаи аъзои хонавода бояд барои хоб либоси махсуси пахтагӣ ва қулай бояд дошта бошанд. Либосҳои варзиширо танҳо дар стадион ва толори варзишӣ бояд пўшанд.
Шустшўи либоси наврасон қоидаҳои худро дорад. Либоси кўдакон ва наврасон бояд аз либоси калонсолон ҷудо шуста шавад. Либоси бачагонаро на бо моддаҳои синтетикӣ, балки бо собун шустан беҳтар аст. Хуб мебуд, агар либоси бачагона ба муҳлати 30 дақиқа дар оби собун ҷўшонда, баъд хуб обгардон карда шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё