ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Либоси таг ва рахти хобро крахмал кардан шарт нест. Беҳтар аст, ки дуруст дарзмол кунем. Либосҳои мўйинро дар оби ҳарораташ 40-50 дараҷа бо собун бояд шуст. Онҳоро зуд-зуд шустан шарт нест, чунки сифати худро гум мекунанд. Либосҳои мўйинро бояд дар ҳарорати 140 дараҷа дарзмол кард.
Либосҳои боло (палто, куртка, плаш)-ро давра ба давра шамол дода, пас аз он дуруст тоза карда, дар охири мавсим ба хушкашўйӣ додан беҳтар аст.
Дар корҳои тоза кардан ва шустани либос хонандагон низ бояд иштирок кунанд. Онҳо бояд одат кунанд, ки баъди аз мактаб ё аз сайругашт омадан, либосҳояшонро ҳатман бо шётка тоза карда, ба либосовезак гузоранд.
Дар шустан ва тоза кардани либос бояд хонандагони синфи 1-2 иштирок кунанд, то ки ин корро ёд гиранд ва минбаъд либос ва рахти хоби худро тоза нигоҳ дошта тавонанд. Мустақилона тугма шинонанд ва ҷойҳои даридаи ҷўроби худро дўхта тавонанд. Ба онҳо дарзмол кардани чизҳои хурдтар, аз ҷумла, рўймолча, ҷўроб ва монанди инҳоро ёд додан лозим аст.
§18. БЕҲДОШТИ РАХТИ ХОБ
Ҳар як кўдак бояд ҷойи хоб, кўрпаю болишти алоҳида, либоси шабпўшӣ дошта бошад. Тоза нигоҳ доштани бадан ва беҳдошти рахти хоб аҳамияти калон дорад, зеро онҳо садди роҳи паҳн шудани микробҳо мешаванд. Ҷойи хоб бояд барои хоб мувофиқ ва хеле мулоим набошад. Ҷилди болишту рахти хоб бояд пахтагӣ бошад, чунки он ҳаворо аз худ бе монеа мегузаронад ва барои буғшавии арақи пўсти бадан кўмак мерасонад.
Аз ин рў, ҷилди болишту рахт ва ҷойи хобро бояд тоза нигоҳ дошт. Дар хотир бояд дошт, ки ҷилди хобро доимо шустан даркор ва онро ҳатман дар як ҳафта як маротиба иваз кардан зарур аст. Дар рўзҳои офтобӣ болишту кўрпа ва рахти хобро зуд-зуд зери офтоб нигоҳ доштан аҳамияти калон дорад. Бо либоси рў ба рахти хоб даромадан мумкин нест.
Барои бароҳат хоб рафтан ва солим будан ҳавои хонаи хобро тоза нигоҳ доштан мувофиқи матлаб аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё