ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

МУҲИТИ АТРОФ ВА ҲАЁТИ СОЛИМ
Маълум аст, ки ҳифзи саломатии инсон аз овони кўдакӣ дар маркази диққати падару модарон буда, таъмини ҳаматарафаи он тавассути обутобдиҳии бадан, ғизои хуб, муомилаи нағз ба роҳ монда мешавад. Азбаски организми кўдакону наврасон нозук аст, муҳити атроф ба онҳо таъсир мерасонад. Бинобар ин саломатии онҳо, инкишофи ҷисмонӣ ва зеҳниашон ба таъсири муҳити атроф сахт вобаста аст.
Тозагии муҳити атроф хеле муҳим аст, зеро тозагии ҷойҳои ҷамъиятӣ асоси ободии макони зист ва ҳифзи солимист. Аз ин рў, хонандагон бояд тозагии муҳити атрофро дастгирӣ ва риоя кунанд. Ҳар рўз ҳавлию хона, мактабу кўчаҳоро тоза кардан лозим аст. Ахлоту партовҳоро ҳатман ба қуттиҳои махсус ва чуқурӣ бояд партофт.
Яке аз шартҳои асосии нигоҳдории тозагии муҳити атроф ва саломатӣ мавҷудият ва дастрас будани шабакаҳои обрасонист. Фаромўш набояд кард, ки дар сурати корношоям будани онҳо, кўлмак ва лойқа ба вуҷуд омада, сабаби афзудани кўрпашша ва ҳар гуна ҳашарот мешавад.
Барои тозагӣ ва ободонии кўчаву хиёбон ва гулгашту боғистонҳо ташкил кардани ҳашар роҳи беҳтарини тоза нигоҳ доштани ҷойҳои ҷамъиятӣ ба шумор меравад.
Ҳашарро якҷоя оғоз ва корҳоро иҷро мекунанд. Хусусияти хуби ҳашар ин аст, ки дар он ҳам калонсолон ҳам хурдсолон иштирок мекунанд.
Хонандагон бештар дар ҳашарҳое иштирок мекунанд, ки бештар ба шинондани дарахт, обод ва тоза кардани маҳалли мактаб, ҷуйборҳо, кўчаҳо ва роҳу боғҳо ташкил мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё