Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

§19. БЕҲДОШТИ ЛИБОСИ ТАГ ВА РЎ.
БЕҲДОШТИ ПОЙАФЗОЛ
Либос чӣ фоида дорад? Либос одамро гарм ва аз таъсири муҳити атроф муҳофизат мекунад. Либос барои инсон бояд муносиб ва шинам бошад. Он бояд тоза ва зебо бошад.
Беҳдошти либоси таг ва рў ба тарзи нигоҳубини пўст алоқаманд аст. Либос 80%-и пўстро мепўшонад. Аз ин ҷост, ки либос барои муътадил амал кардани он аҳамияти калон дорад. Либоси рў пўстро аз чанг муҳофизат ва эмин нигоҳ медорад. Либоси таг ва рў набояд ба роҳгардӣ халал расонад, яъне ба қаду басти соҳибаш бояд мувофиқ бошад.
Барои либоси таг матои чит (пахтагӣ) хеле муносиб аст.
Ин намуди матоъ, инчунин барои болишту ҷойпўш тавсия дода мешавад. Либоси рў барои кўдакону наврасон бояд гарм, кушод ва сабук бошад. Ин гуна либосро аз матоҳои аслӣ ва сунъӣ ё пашмӣ тайёр мекунанд.
Барои мактаббачагон либоси мактабиро аз матое, ки то 10-25% нахи сунъӣ дорад, омода мекунанд, зеро чунин либос гармии муътадилро таъмин менамояд. Хонанда бояд баъди аз мактаб баргаштан либоси мактабиро кашида, дар ҷойи пешбинишуда нигоҳ дорад. Ў вазифадор аст, ки дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ фақат бо либоси варзишӣ иштирок кунад.
Ҳангоми худхидматрасонӣ дар хона ё мактаб пешдоманро истифода бурдан лозим аст.
Дар фасли зимистон либоси хонандагон дар синфхона бояд аз ду қабат (куртаю костюм) ва дар берун аз се қабат (курта, костюм, палто) иборат бошад. Дар хотир бояд дошт, ки пўшидани либоси гарм имконияти хубест барои пешгирӣ намудани ҷисми инсон аз шамолхўрӣ.
Вақти хўрдани хўрок дастро бо либос тоза кардан хуб нест, барои ин сачоқчаҳои махсусро истифода мебаранд.
Либоси рўйро доимӣ аз чанг тоза кардану афшондан шарт аст.
Тоза нигоҳ доштани пойафзол Пойафзолро ҳатман бо назардошти андозаи пой интихоб бояд кард.

пешина
аз 80
навбатӣ