Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

Дар хотир бояд дошт, ки сохти бадани инсонро анатомия ва фаъолияти узвҳои баданро физиологияи одам меомўзонад.

§21. МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ЗАРУРИЯТИ
ИСТЕЪМОЛИ ҒИЗО ВА БЕҲДОШТИ ОН
Талаботи асосии беҳдошти ғизо ин дар вақти муайян истеъмол намудани хўрок аст. Риояи реҷаи хўрок имкони дуруст ҳазм карда тавонистани хўрокро таъмин мекунад.
Кўдакону наврасон метавонанд байни фосилаи хўрокхўрӣ фақат мева бихўранд. Ғизо бояд навпухта ва бўйи хуш дошта бошад. Ҷойи хўрохўрӣ низ аҳамияти муҳим дорад ва ба дуруст ҳазм шудани хўрок мусоидат мекунад. Ҳангоми истеъмоли хўрок диққати хонандагонро ба дигар корҳо равона кардан лозим нест, зеро иштиҳо паст мешавад.
Бояд дар хотир дошт, ки хусусиятҳои физиологии организм тайғирёбандаанд. Аз ин рў, гоҳо бе сабаб ҳам иштиҳои одам каму зиёд мешавад ва ин як падидаи табиӣ ба ҳисоб меравад.
Одам тавассути ғизо моддаҳои барои организм зарурро мегирад: сафедаҳо, чарбуҳо, карбогидратҳо, витаминҳо ва ғайра. Сафедаҳо барои сабзиши қад ва рушди кўдак заруранд ва онҳо дар таркиби тухм, гўшт, моҳӣ, нахуд, лубиё дида мешаванд. Чарбуҳо ба организм қувва мебахшанд ва манбаи асосии онҳо равғани рустанӣ ба ҳисоб меравад.
Витаминҳо барои нигоҳ доштан ва мустаҳкам намудани саломатӣ аҳамияти калон дошта, асосан дар таркиби меваю сабзавот мавҷуданд.
Кўшиш бояд кард, ки хўроки ҳархела истеъмол намуд, чунки организм бояд моддаҳои ғизонокро гирад. Хўрок набояд бисёр гарм бошад.
Агар одам муддати дароз фақат як навъи хўрокро истеъмол кунад, он гоҳ организми ў тамоми моддаҳои барои ҳаёт зарурро гирифта наметавонад. Агар одам дер хўрок хўрад, бемадорӣ ва мондашавиро ҳис мекунад. Пас аз хўрок хўрдан одам бақувват мешавад, чунки дар хўрок барои узвҳои бадан моддаҳои зарур мавҷуданд.

пешина
аз 80
навбатӣ