Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

§22. ҚОИДАҲОИ ХЎРОКХЎРӢ ВА ИСТЕЪМОЛИ ОБ
Риояи беҳдошти хўрок ва қоидаҳои хўрокхўрӣ ва истеъмоли об, ки ҳар яки мо ҳар рўз ба он сару кор дорем, бояд аз тарафи хурду калон риоя карда шавад. Агар мо талаботи хўрокхўриро ба ҷо оварем, бо ҳамин пеши роҳи бемориҳоро мегирем, саломатии худро ҳифз мекунем.
Саломатӣ ин хушбахтии ҳар як инсон аст.
Дар зер зумрае аз қоидаҳои хўрокхўрӣ ва нўшидани об пешкаши хонандагон мегарданд:
Пеш аз хўрок дастҳоро бо собун бишўед.
Аз косаю зарфи алоҳида хўрок бихўред.
Сабзавоту меваро пеш аз хўрдан бо оби гарм тоза шустан зарур аст.
Хўрокро саросема нашуда ба оромӣ бихўред.
Вақти хўрдани хўрок гап задан аз рўйи одоб нест.
Хўроки гуногун хўрдан даркор, то ки организм моддаҳои заруриро бигирад.
Нон ва шириниро камтар истеъмол кунед.
Ғизоҳои бирён, сернамак ва талху тезро камтар бихўред.
Хўрок набояд сахт гарм ва сўзон бошад.
Пеш аз мактаб рафтан наҳорӣ кардан шарт аст.
Оби беҳтарин оби чашмасорон аст.
Оби ҷўйборҳою дарёчаҳоро танҳо ҷўшонида истеъмол кардан лозим аст.
Оби тозаро дар зарфҳои алоҳида ва пўшида нигоҳ доштан лозим.

§23. ФАРБЕҲШАВӢ
Сабабҳои асосии зиёдшавии вазн дар миёни баъзе хонандагон асосан ба камҳаракатӣ ва нодуруст истеъмол кардани ғизо вобаста мебошад.
Агар фарбеҳшавӣ дар синни хурди мактабӣ мушоҳида шавад, чунин кўдак метавонад ба бемориҳои қанд, фаромўшхотирӣ ва ғайра дучор шавад.

пешина
аз 80
навбатӣ