Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

С И Н Ф И 4
БОБИ 1.
ГИГИЕНАИ ШАХСӢ

§1. МАЪЛУМОТИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ГИГИЕНА
Ҳар як омўзгор бояд донад, ки гигиена (беҳдошт) аз бахшҳои тиб буда, таъсири шароити зиндагӣ ва кор ба саломатии инсонро меомўзад ва роҳҳои пешгирии бемориҳо, шароити мувофиқи зиндагӣ, нигоҳдории саломатӣ ва дарозумриро таъмин месозад. Гигиена чист? Гигиена ин одатҳои шахсии тозагиву покигарӣ – шустани дасту рўй, бадан, пўшидани либоси тоза, нигоҳубини нохунҳои дасту пой, мунтазам шустани мўй ва шона кардани он, шустани дандонҳо, тоза нигоҳ доштани чашму гўш аст. Ҳамчунин тоза нигоҳ доштани муҳити атроф (хона, мактаб, ҳавлӣ ва ғайра), истеъмоли оби тоза ва ғизои безарар аз талабот ва шартҳои беҳдошт ё гигиена мебошанд. Гигиена аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш тозагӣ мебошад. Мафҳуми гигиена васеъ буда, аз намудҳои зерин иборат аст:
Тоза нигоҳ доштани ашёи шахсӣ Тозагии инсонҳо
Тозагии хўрок
Тозагии муҳити атроф
Тозагии замин
Тозагии обу ҳаво
Тозагии пўст
Тозагии ҷойи хоб ва ғайра.

пешина
аз 80
навбатӣ