Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

Тозагӣ барои чӣ зарур аст? Ҳар як шахс новобаста аз синну сол, нажод, ҷинс, забон бояд ин мафҳумро, яъне “тозагӣ”-ро хуб дарк кунад, талаботи онро риоя кунад, барои тозагии умум мубориза барад. Зеро саломатии ў, саломатии ҷамъият ба беҳдошт вобаста аст, ояндаи ҳамаи мову шумо ба ин амалҳо вобастагии калон дорад. Ҳар рўз дар дунё ба сабаби риоя накардани қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, тозагии муҳити атроф, нодуруст истифода бурдани хўрок ҳазоронҳазор одамон вафот мекунанд. Оқибати риоя накардани тозагӣ боиси сар задани бемориҳои сироятӣ мешавад, ки аз микробҳо пайдо мешаванд.
Риояи оддитарин қоидаҳои беҳдошти шахсӣ хонандагонро аз бисёр бемориҳо муҳофизат мекунад. Ин қоидаҳои оддитарин: баъди ҳоҷатхона ва пеш аз хўрок ҳатман тоза шустани дастон, гирифтан ва пок кардани нохунҳо, ҳар рўз шустани дандон, тоза нигоҳ доштани ҷойи хоб, мунтазам шустани мўйи сар ва шона кардани он, ҳангоми сулфа ва атса даҳону биниро бо рўймолча пўшидан ва ғайра мебошанд.
Малакаҳои беҳдошти бачаҳо ҳанўз аз синни томактабӣ ташаккул ёфта, дар мактаб идома меёбад. Тоза нигоҳ доштани пўсти бадан, пок нигоҳ доштани даҳон, либос, пойафзол, хона, мактаб ва ғайра малакаҳои асосии беҳдошт мебошанд, ки бояд дар рафти тарбияи кўдак ташаккул ёбанд. Ин малакаҳо баъдтар ба одатҳои доимӣ мубаддал мешаванд: ҳамеша шустани дасту по, дандон, даҳон, тоза кардан ва шона задани мўй ва ғайра.

пешина
аз 80
навбатӣ