Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

Барои он ки кўдак ин малакаҳоро хуб аз худ кунад, бояд чизҳои хусусии худро дошта бошад: собун, мисвоки дандон, хамираи дандоншўӣ, шона, дастрўймолча ва ғайра. Тарбияи беҳдоштии хонандагон ба муносибати бошууронаи омўзгор ва ёрии фаъолонаи волидон вобаста аст.

§2. РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ ВА ҲАДАФҲОИ ОН
Гигиенаи шахсӣ чист? Беҳдошт ё гигиенаи шахсӣ – ҳамеша ва дар ҳар шароит тоза нигоҳ доштани бадани худ мебошад. Ба гигиенаи шахсӣ дохил мешавад:
шустани дастҳо гирифтани нохунҳо ҳар ҳафта шустани бадан тозагии дандонҳо тозагии сару либос тозагии пўст тозагии мўйҳо тозагии ҷойи хоб ва ғайра.

Ҳар як шахс баъди аз хоб хестан бояд якчанд дақиқа ба тарбияи бадан машғул шавад. Баъд аз он ба шустани дандонҳо, дасту рўй, сару гардан ва бадан машғул шавад.
Ин амалҳо пўсти бадан инсонро аз бемориҳо муҳофизат мекунанд. Вақте ки бачагон медаванд, меҷаҳанд, гарм мешаванд, дар натиҷа дар пўсти онҳо қатраҳои арақ пайдо мешавад. Ғайр аз ин дар пўст қабати тунуки равған вуҷуд дорад. Арақи бадан ва равғани пўст хоку чангро аз ҳаво ҷабида мегиранд ва бвдвни инсон чиркин мешавад.

пешина
аз 80
навбатӣ