Зеҳн
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 80 саҳифа

Саломатӣ
Аз аввал хондан

Мунтазам ғизоҳои гуногун, хусусан маҳсулоти ширӣ, моҳӣ, мева, тухм, асал ва ғайраҳоро истеъмол кунад.

§8. НАҚШИ ПАДАРУ МОДАР
ДАР ТАРБИЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМИ НАВРАСОН
Ғамхорӣ оид ба инкишоф ва саломатии наврасон аз тарзи тарбияи ҳаёти солим дар оила оғоз меёбад.Тарзи ҳаёти солим дар оила ин фазои солими ҳиссӣ, муносибати хайрхоҳонаи аъзои оила ба якдигар ва кўдакон, ташкили истироҳат ва ғизои хуб мебошад.
Агар кўдак дар хонадон гўшаи махсуси дарстайёркунӣ надошта бошад, онро ҳатман барояш бояд ташкил кунанд.
Дар ҳамин қатор волидайнро зарур аст, ки паси миз нишаста, бо фарзанд дарс тайёр кунанд. Фарзандонро фаҳмонанд, ки дар курсӣ нишаста дарс тайёр кардан авлотар аст, нисбат ба он ки дароз кашида китоб мутолиа кунад. Чунки ҳангоми дар курсӣ нишаста дарс тайёр кардан, ҷараёни хун муътадил ҳаракат мекунад, аммо ҳини дароз кашида хондан, фишори хун ба майна зиёд мешавад, капилярҳои (рагҳои мўякии) чашм аз шиддати фишор пурхун шуда, чашмҳо мисли лола сурх мешаванд, сар ба дард меояд (чизи хондаашро чуқур намефаҳмад) ва чашмҳо осеб мебинанд, ки ин боиси бармаҳал айнакмонии шахс мешавад. Падару модароне, ки чунин огоҳӣ доранд, ба ин масъалаҳо эътибори ҷиддӣ медиҳанд.
Баъди мактабхон шудани кўдакон, шароити зиндагии хонавода ва реҷаи аон дигар мешавад. Падару модар шароиту бахши мактабравии кўдакро ба инобат гирифта, низоми рўз тартиб медиҳанд, риояи онро дар оила ва мактаб назорат мекунанд.

пешина
аз 80
навбатӣ