Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар афъиеро бигирӣ зи дашт,
Ба ҷаннатсарояш диҳӣ сайру гашт.
Ба ҳар ҷои марғуб ҷояш диҳӣ,
Миёни гул оромгоҳаш диҳӣ.
Ғизояш гар аз решаи ҷон диҳӣ
В-агар обаш аз оби ҳайвон диҳӣ.
Нагардад бад-ин тарбият роми ту,
Ки охир кунад заҳр дар коми ту.

Ба ин минвол Шоҳпири Кашмирӣ баччаи ҷуғзро, Фидоӣ ва Ноқиси Каттақурғонӣ харро мисол меоранд, ки тарбияту парвариш ба онҳо асаре надорад.
Тавре ки мебинем, дар ҳамаи мисолҳои зикршуда фақат таъсир накардани тарбият ба бадасл таъкид шудааст. Саъдӣ низ ҳамин андешаро хеле барҷаста бо мисолҳои зиёд таъкид кардааст. Вале ў ба асли нек ҳам ишора намуда, ёдрас мешавад, ки тарбият ба он асар мекунад:

Чун бувад асл гавҳари қобил,
Тарбиятро дар ў асар бошад.

Аммо ба шахси бадасл тарбият таъсир намекунад:

Ҳеҷ сайқал накў натонад кард
Оҳанеро, ки бадгуҳар бошад.
Саг ба дарёи ҳафтгона бишўй,
Ки чу тар шуд, палидтар бошад.
Хари Исо гараш ба Макка баранд,
Чун биёяд ҳанўз хар бошад.

Ин мисолҳо бори дигар ин андешаро тақвият медиҳанд, ки хулқи бади аз асли бад реша гирифта тарбиятнопазир аст. Вале асли нек вобаста ба тарбият буда, он бо таъсири муҳит ва тарбият тағйир меёбад.
Ҳамин нуктаи назари ахлоқии дар адабиёту ҳикмати мардумони эронитабор то қарни ХХ маъмул дар Шоҳномаи Фирдавсӣ ҳам хеле равшану барҷаста бозтоб ёфтааст. Вале муҳаққиқи андешаҳои ахлоқии шоир С. Ҳасанова онро нодида гирифтааст ва ба ихтилофи назари Фирдавсӣ дар ин масъала ишора карда, мисоле наовардааст: «Вале дар айни замон ақидаҳои ў (Фиравдсӣ
– М.М.) дар хусуси манбаъҳои ахлоқ аз ихтилоф озод нест. Фирдавсӣ ҳам хосиятҳои модарзодиро эътироф мекунад, вале ў бовар дорад, ки хосияти модарзодӣ бо таъсири муҳити беруна, тарбият метавонад тағйир ёбад». Донишманди покистонӣ Ҳофиз Маҳмудхони Шеронӣ назари Фирдавсиро роҷеъ ба решаи хулқи бад дуруст дарк намуда, навиштааст: «Дар асари шарофати нисбӣ ақидаи миллии эрониён бар ин будааст, ки разилу камина ва пастфитрат ҳамеша пасту разил аст ва ҳеҷ таълиму тарбият наметавонад ўро ба ахлоқи ҳасанаи инсоният ороста кунад». Дарвоқеъ Фирдавсӣ ҷонибдори ҳамин ақидаи маъмул буда, ҳамеша тарбиятнопазир будани ашхоси бадсириштро бо ҳар васила таъйид намудааст. Ў ҳам иддао дорад, ки аз мағзи талх ҳеҷ гоҳ дарахти мевааш ширин намерўяд, ҳарчанд онро дар боғи биҳишт парвариш диҳанд:

Дарахте, ки талх аст вайро сиришт,
Гараш барнишонӣ ба боғи биҳишт.

пешина
аз 625
навбатӣ