Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

В-ар аз ҷўйи хулдаш ба ҳангоми об
Ба бех ангубин резиву шаҳди ноб.
Саранҷом гавҳар ба кор оварад,
Ҳамон меваи талх бор оварад.

Дар осори бозмондаи шоирони асри Х форсу тоҷик на танҳо айни ҳамин андешаро метавон мушоҳида кард, балки дар байтҳои зерини Абўшакури Балхӣ барои тақвияти фикр мисоле оварда шудааст, ки бо далели Фирдавсӣ хеле монанд аст:

Дарахте, ки талхаш бувад гавҳаро,
Агар чарбу ширин диҳӣ мар варо.
Ҳамон меваи талх орад падид,
Аз ў чарбу ширин нахоҳӣ мазид.

Албатта, ҳоло аз Абўшакури Балхӣ гирифта шудани тасвири мазкурро таъйин кардан хеле душвор аст. Зеро дар Шоҳнома ишорае дар ин бора дида намешавад. Вале чуноне ки муҳаққиқон ишора кардаанд, ҳам Абўшакури Балхӣ ва ҳам Фирдавсӣ ба эҳтимоми қавӣ дар тасвири худ аз ояи зерини сураи Иброҳими Қуръони маҷид илҳом гирифтаанд: «Ва масали сухани нопок чун дарахте нопок аст, ки реша дар замин надорад ва барпо натавонад буд». Дар Шоҳномаи Фирдавсӣ низ барои ифодаи матлаби мазкур василаҳои гуногун истифода шудаанд. Агар дар мисоли боло тамсил аз олами наботот бошад, дар мисоли зер аз олами ҳайвонот масал зада шудааст:

Ки чун баччаи шери нар парварӣ,
Чу дандон кунад тез, кайфар барӣ.

Дар байти зер бошад тамсил ба олами инсонӣ мансуб буда, назари шоир хеле возеҳ ва ошкоро баён шудааст:

Зи нопокзода мадоред умед,
Ки зангӣ ба шустан нагардад сапед.

Аксари муҳаққиқон ҳангоме ки дар бораи андешаҳои Фирдавсӣ роҷеъ ба тарбият сухан меронанд, назари ўро ба афкори ахлоқии Саъдӣ мавриди муқоиса қарор медиҳанд. Аз ҷумла донишманди покистонӣ Мумтоз Ғафур дар ин хусус навиштааст: «Фирдавсӣ дар бораи тарбият мисли Саъдӣ тарбият22 намудааст, мегўяд, ки бо тарбият наметавон зиштиро ба покӣ ва талхиро ба ширинӣ табдил кард».23Агар аслу гавҳар нест, тарбият фоидае надорад Таҳқиқи татбиқиву қиёсии андешаҳои ахлоқии ин ду шоири бузург аз доираи вазифаи ин рисола берун аст. Бинобар ин танҳо бо зикри чанд мисол дар ин замина иктифо мешавад.
Барои андеша ҳар ду шоир зарбулмасали «зангӣ ба шустан сафед намешавад»-ро ба кор бурдаанд:

Зи нопокзода мадоред умед,
Ки зангӣ ба шустан нагардад сапед.
Фирдавсӣ

Маломат кун маро ҳарчанд хоҳӣ, Ки натвон шустан аз зангӣ сиёҳӣ.

пешина
аз 625
навбатӣ