Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бесабаб нест, ки дар осори адибони ин аср эҳсосу андешаҳои баланди ватандўстӣ нисбат ба давраҳои дигари таърихи адабиётамон хеле бештар ифода ёфтаанд, маҳз дар ҳамин даврон бузургтарин ҳамосаи ватанпарварии адабиёти ҷаҳон – "Шоҳнома"-и Ҳаким Фирдавсӣ падид омадааст.
Тақрибан 40 сол муқаддам адабиётшинос Михаил Занд офаридаҳои адибони шуъубиро "адабиёти халқҳои эронӣ ба забони арабӣ" номида, зарурати як ҷузъи таркибии адабиёти форсу тоҷик донистани онро таъйид карда навишта буд: "Дар айни ҳол ба эрониён низ метавон ҳақ дод, ки нависандагони барҷастаи шуъубиро дар идоди бузургони адабиёти клоссикии худ бидонанд.
Барои ин адабиёти садаҳои 8-9 давраи дигарбудагӣ Anderssein ё зиндагӣ дар қолаби як забони дигар ба шумор меравад" Мутаассифона, ба ин хитоб то ҳол эътибори ҷиддӣ дода намешавад. Ҳарчанд дар Тоҷикистон таҳқиқи ин падидаи муҳими адабӣ шурўъ шудааст, вале то ҳол, ҳатто, мунтахабе аз осори шоирони шуъубӣ тарҷумаву интишор наёфтааст, дар китобҳои таърихи адабиёт фасле ба он ҷудо нагаштааст. Ҳатто дар муфассалтарин таърихи адабиёти Эрон, ки ба қалами Забеҳулло Сафо тааллуқ дорад, чунин фасле ба назар намерасад.
Бинобар ин, зарур аст, ки донишмандону адибони Эрону Тоҷикистон ҳарчи зудтар ба тарҷумаву нашри осори шоирони маъруфи арабизабони шуъубӣ иқдом намоянд.
Хуб мешуд, ки минбаъд адабиёти арабизабони қарнҳои 8-9-и Хуросону Мовароуннаҳр чун як ҷузъи таърихи адабиёти форсу тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирад ва фаслҳои ихтисосии таърихи адабиёт ба онҳо бахшида шавад. Дар он сурат мо метавонем садои воқеии "ду қарни сукут"-и таърихи адабиётамонро шунавем ва ба заминаҳову омилҳои пайдоиш ва пешрафти сареъи адабиёти оламшумули форсу тоҷик дар аҳди Сомониён бештару беҳтар ошно шавем.

Шоири қарни 12 Рашидии Самарқандӣ навиштааст:
Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некўшоирӣ,
Рўдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
Шеъри ўро баршумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор,
Ҳам фузун ояд, агар чунон ки бояд бишмарӣ.

пешина
аз 625
навбатӣ