Равзанаи адаб

Омилҳои рушд ва мондагории забон ва адабиёти тоҷику форс
Мардумони ориёӣ дар дарознои ҳазорсолаҳо ҳарчанд борҳо ҷабри таърихро кашидаву заҳри беадолатиҳоро чашидаанд ва дучори ҳуҷумҳои тороҷгаронаву кушторҳои бераҳмона гардидаанд, вале ҳамеша ҳастиву ҳувияти худро нигоҳ доштаанд.
Яке аз омилҳои асосии ин пойдориву мондагорӣ бешак забон, адабиёт ва фарҳанги ғании онҳост, ки таваҷҷўҳи донишмандони оламро асрҳост, ки ҷалб менамояд. Дар ин замина осори фаровони илмӣ офарида шудаанд, вале ҳанўз масъалаҳои ҳалношудаву муаммоҳои печида мавҷуданд, ки ба чанде аз онҳо ҳоло ишора хоҳад шуд.
Пайдоиши забони форсӣ, дарӣ ё тоҷикӣ, яъне форсии нав ва заминаҳои шаклгириву рушди он аз зумраи масъалаҳои баҳснок аст, ки ҳалли он барои равшан намудани омилҳои мондагории мардум ва худи забон низ мадад мерасонад.
Дар ин мавзўъ дар ибтидои қарни XX баҳсҳои зиёде сурат гирифта буд. Шоир ва донишманди маъруфи Эрон Маликушшуаро Баҳор бо далелҳои қотеъ андешаи аз қисмати ҷанубу ғарбии Эрон ба Хуросону Мовароуннаҳр омадани забони порсии дариро рад намуда, маҳз дар қисмати шарқии Эронзамин падид омадани онро ба субут расонд. Ин андеша мавриди таъйиди устод С.Айнӣ, Е.Э. Бертелс, Б.Ғафуров, Забеҳулло Сафо, А.Н.Болдирев, Б. Лившитс, А.Мирзоев ва дигарон қарор гирифт.
А.Мирзоев мулоҳизоти дар ин мавзўъ баёншударо ҷамъбандӣ намуда, навишта буд, ки «забони дарии порсӣ-тоҷикӣ на ин ки дар вақти истилои ҳукмронони араб аз қисмати ҷануби ғарбии Эронвилояти Форс ба Хуросон ва Мовароуннаҳр оварда нашудааст, балки вай забони аҳолии маҳаллии мардуми эронинажоди ҳамин сарзамин будааст.» Андешаи мазкур минбаъд дар асарҳои Н.Неъматов, М.Шакурӣ, Алиасғари Шеърдўст, Ш.Рустамов, М.Қосимова, Ҷаводи Ҳиравӣ, Камол Айнӣ бо далелҳои тоза тақвият пайдо кард. Вале баъзе донишмандон амсоли Ричард Нилсон Фрай, Жилбер Лазар боз ҳамон андешаи радшударо бидуни далели тозаву қотеъ такрор менамоянд. Аз ҷумла эроншиноси маъруфи фаронсавӣ Жилбер Лазар дар суханроние, ки соли 1990 дар кунгураи «Ҳазораи тадвини «Шоҳнома» дар Теҳрон эрод намуд, аз нав андешаи тавассути асироне, ки арабҳо пас аз истилои вилояти Форс ҳамроҳи худ ба Хуросону Мовароуннаҳр овардаанд, интиқол ёфтани забони порсии дариро иброз дошт. Ў ин фарзияро соли 1993 дар суханрониаш дар анҷумани устодони Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони Амрико дар мавзўи «Решаҳои забони форсии адабӣ»
идома дод, ки тарҷумаи форсии он дар маҷаллаи «Эроннома» ба табъ расид.
Жилбер Лазар кулли таҳқиқоти эроншиносонро дар ин замина нодида гирифта, пайдоиши забони порсии дариро дар Хуросону Мовароуннаҳр ба истилои арабҳо марбут медонад: «Пас аз пирўзии аъроб дар Эрон форсии гуфторӣ ҳамчунон ба сўи Ховар пеш рафт ва ба василаи сипоҳиёну бозаргонон ба Мовароуннаҳр ва Афғонистони кунунӣ расид». Ба ин тартиб ў ба натиҷае мерасад, ки «форсӣ гўйиши маҳаллии ҷанубитарин ноҳияи Эрон буд, ки ба унвони як забони муколама ба тадриҷ, аз ҷануб ба шимол ва ховари Эрон густариш ёфт ва он гоҳ дар мунтаҳоилайҳ дар шимоли ховарии Эрон ба забони адабии он ноҳия табдил гардид ва аз он ҷо ба бохтару ҷануби Эрон рафт ва саранҷом дар бахше бузург аз Осиё реша давонд». Далелҳои зиёде мавҷуданд, ки бебунёдии ин андешаро ба субут расонда, аз вуҷуд доштани забони порсии дарӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр то истилои арабҳо гувоҳӣ медиҳанд. Ин ҷо бо зикри ду далел иктифо мешавад. Далели аввал суруди машҳури «Аз Хуталон омадия» мебошад, ки тавассути «Таърихи Табарӣ» то ба имрўз расидааст. Ҳангоме ки сарлашкари араб Асад ибни Абдулло дар Хатлон шикаст хурда, ба Балх меояд, мардум ин суруди ҳаҷвомезро месароянд:
Аз Хуталон омадия,
Ба рўй табоҳ омадия.
Овор боз омадия,
Бедил фароз омадия.
Аз ин бармеояд, ки то омадани арабҳо ба ин сарзамин мардуми он бо забони порсии дарӣ ҳарф мезаданд.
Далели дуюм иттилооти «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ роҷеъ ба ҷорӣ шудани ислом ва забони арабӣ дар ин сарзамин аст. Тавре ки Наршахӣ хабар медиҳад, мардуми Бухоро арабҳоро водор менамоянд, ки оятҳои Қуръон маҳз ба забони порсии дарӣ тарҷума шавад, ки забони гуфтории онҳо будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё