Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хирад чашми ҷон аст, чун бингарӣ
Ту бе чашм шодон ҷаҳон наспарӣ.
Нахустофариниш хирадро шинос,
Нигаҳбони ҷон асту они се пос.

Фирдавсӣ ҳангоми шарҳи масъалаи пайдоиши оламу одам низ нақши хирадро дар ташаккули инсон ва бартарӣ додан ба ў аз тамоми офаридаҳои дигар таъкид мекунад. Инсон маҳз ба туфайли хирад бандҳои табиату ҳаётро мекушояд, роҳи ҳалли мушкилоти зиндагиро пайдо менамояд, ҳайвонотро ром карда мутеъи худ месозад:

Чу фарҷом шуд, мардум омад падид,
Шуд ин бандҳоро саросар калид.
Ба боло чу бар шуд сарви баланд
Ба гуфтору хубу хирад корбанд.
Пазирандаи ҳушу рою хирад,
Мар ўро даду дом фармон барад.
Зи роҳи хирад бингарӣ андаке,
Ки мардум ба маънӣ чӣ бошад яке.

Вале қудрату тавоноӣ, сарфарозиву воломақомии инсон танҳо бо хиради фитрӣ муяссар намегардад. Инсон бояд дар зиндагӣ хиради азалии худро бо омўзиши дониш такмил диҳад, ки ин ба осонӣ даст намедиҳад ва ранҷу азобҳои зиёдеро тақозо дорад. Аз ин рў шоир инсонро ба ранҷ бурдан дар роҳи донишомўзӣ даъват мекунад ва инро василаи раҳоӣ аз ҳама зиштиву бадиҳо низ медонад:

Туро аз ду гетӣ баровардаанд,
Ба чандин миёнҷӣ бипарвардаанд...
Ба ранҷ андар орӣ танатро равост,
Ки худ ранҷ бурдан зи дониш сазост.

Инсон ва хирад – ин ду офаридаи Парвардигор дар Шоҳнома бо ҳам сахт марбутанд ва яке бе дигарӣ вуҷуд надорад. Аз як сў инсон барои ташаккулу такомули худ аз хирад баҳра мебардорад.
Аз тарафи дигар, ў бояд барои рушду тавсиаи хирад низ пайваста кўшо бошад ва дар ин роҳ аз баҳри беканори дониш мудом бархурдор гардад:

Туӣ кардаӣ кирдигори ҷаҳон, Набинӣ ҳаме ошкору ниҳон.

пешина
аз 625
навбатӣ