Равзанаи адаб

Ба гуфтори донандагон роҳ ҷўй,
Ба гетӣ бипўю ба ҳар кас бигўй.
Зи ҳар донише чун сухан бишнавӣ,
Зи омўхтан як замон нағнавӣ.
Чу дидор ёбӣ ба шохи сухун,
Бидонӣ, ки дониш наёяд ба бун.
Дониш аз назари Фирдавсӣ ёвару мададгори хирад аст, ки пайваста онро ғизову нерў мебахшад. Аз ин ҷост, ки ў ҳам монанди муосири бузургаш Абўабдулло Рўдакӣ донишро ҷавшане медонад, ки инсонро аз ҳамаи хатарҳои нерўҳои зишт эмин медорад. Ин матлабро шоир аз забони шоҳ Ҳурмузд баён мекунад:
Ба дониш бувад мардро эманӣ,
Бубандад зи бад дасти оҳарманӣ.
Фирдавсӣ дар саросари Шоҳнома атои худовандӣ будани хирадро борҳо таъкид намуда, поку беолоиш ва аз ҳама гунаҳу бадиҳо дур доштани онро талқин мекунад. Аз ҷумла дар байти зер барои боз ҳам муассиртар ифода кардани матлаб онро аз забони Бузургмеҳри ҳаким, ки рамзи носеҳони хирадманд аст, бозгў менамояд:
Хирад мардро хилъати эзидист,
Зи андеша дур асту дур аз бадист.
Хирад дар Шоҳнома бо хислатҳои ҳамидаи инсонӣ қарину пайваст аст. Ҳар кори хубу дурусте, ки инсон дар зиндагӣ анҷом медиҳад, бо хиради ў марбут аст. Ахлоқи неку ҳамидаи инсон, созандагиву некўкориаш зуҳуроти хиради волои ўст.
Некиву некўкорӣ, ки аз назари Фирдавсӣ аз муҳимтарин хислатҳои инсон мебошад, бо хирад на танҳо робитаи ногусастанӣ дорад, балки онҳо муродифи ҳамдигар низ ҳастанд. Бинобар ин дар зимни сўҳбати румӣ бо мўъбадони Баҳром шоир мафҳуми хирадро шарҳ дода, чанд хислати неки инсониро аз қабили меҳру вафо, ростиву зиракӣ, бурдбориву роздорӣ баён намуда, онҳоро таҷаллии хирад дар зиндагӣ ва ҳатто номҳои дигари он медонад ва ба ҳамин васила хирадро волотарин сифат ва сарманшаи ахлоқи неки инсон мешуморад:
Ту чизе мадон, к-аз хирад бартар аст,
Хирад бар ҳама некўиҳо сар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё