Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хирад барои ҳар фард мояи асливу ҷавҳари ҳастист, ки бе он ҳаёти ў маъние надорад. Дар Шоҳнома ҳамчунин таъкид мешавад, ки хирад бахусус барои шоҳону ҳокимон хеле зарур аст. Ҳокиму роҳбаре, ки дорои хирад набошад, бо ҳама сифатҳои дигари ҳамида аз ўҳдаи идораи мулку сарварии мардум баромада наметавонад. Аз ин ҷост, ки меъёри асосии Фирдавсӣ дар арзёбии шоҳон, пеш аз ҳама, хиради онҳо мебошад. Шоир хирадро аз шартҳои асосӣ ва зарурии шоҳон медонад ва бидуни фарри шоҳиву хирад ва диндорӣ ба тахти ҳукумат нишастанро нораво мешуморад:

Чу фарру хирад дораду дину бахт
Сазовори тоҷ асту зебои тахт.

Адолату садоқати шоҳон, устувориву пойдории ҳукумати онҳо аз хирадашон вобаста аст. Яке аз аввалин шоҳони асотирӣ, ки дар Шоҳнома батафсил тасвир шудаанд, Ҳушанг аст, ки аз ибтидо Фирдавсӣ ўро чун шоҳи бохираду бофарҳанг ба қалам медиҳад. Ў пас аз кушта шудани Нўзар барои интихоби шоҳ хеле ҷустуҷўй мекунанд ва ниҳоят Зави Таҳмоспро, ки аз авлоди Фаридун буда, соҳиби хирад аст, ба тахт даъват менамоянд.
Кайхусрав пас аз муборизаву набардҳои зиёд бар Афросиёбу лашкаркашони тўронӣ зафар мекунад ва қасоси падараш Сиёвушро ситонда, Тўронро аз бадӣ пок месозад. Бо ин ҳама ўро эҳсоси ноумедӣ фаро мегирад, ки мабодо ба бадиву каҷӣ роҳ надиҳад то дар оянда аз бадиҳои ў ёд накунанд. Бо ин мақсад ў аз худованд талаб менамояд, ки ба ў хирад бахшад. Зеро маҳз хирад инсонро аз ҳама гуна бадиҳо эмин медорад:

Нигаҳ дору чанде хирад деҳ маро,
Ҳам андешаи неку бад деҳ маро.

Фирдавсӣ яке аз сабабҳои ба худкомагиву мағрурӣ ва нобарориву пушаймонӣ дучор шудани шоҳони асотирии муқтадире ҳамчун Ҷамшеду Ковусро аз камхирадии онҳо медид.
Дар тасвири шоҳони таърихӣ низ Фирдавсӣ пеш аз ҳама, ба хиради онҳо таваҷҷўҳи хос зоҳир менамояд. Ў аз забони Баҳром дар зимни номааш ба шоҳи Ҳинд Шангул ба арзиши баланди хирад дар нигаҳдории инсон аз ҳама гуна бадиву балоҳо ишора намуда, зарурати онро барои шоҳон таъкид месозад ва ба тоҷи шоҳон монанд мекунад:

пешина
аз 625
навбатӣ