Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фузун аз хирад нест андар ҷаҳон,
Фирўзандаи кеҳтарону меҳон.
Ҳар он кас, ки ў шод шуд аз хирад,
Ҷаҳонро ба кирдори бад наспарад...
Нахустин нишони хирад он бувад,
Ки аз бад ҳамасола тарсон бувад.
Бидонад тани хешро дар ниҳон,
Ба чашми хирад ҷуст бояд ҷаҳон.
Хирад афсари шаҳриёрон бувад,
Хирад зевари номдорон бувад.

Чунон ки маълум аст, Шоҳнома танҳо аз тасвири қаҳрамонии шоҳону корнамоии паҳлавонон, ҷангу набардҳо ва кишваркушоиҳои онон иборат нест. Ин шоҳкорест, ки аз ҷанбаҳои гуногуни зиндагӣ, масоили умдаи ҳастии инсон, моҳияти оламу одам, ҳикмати рўзгор ва дигар масъалаҳои муҳимми ҳаёт ҳикоят мекунад. Худи Фирдавсӣ ҳам дар оғози достон таъкид менамояд, ки асари ў аз баёни ривоятҳои дурўғ иборат нест ва аз роҳи хирад метавон аз он баҳраҳои фаровон гирифт:

Мар инро дурўғу фасона мадон,
Ба яксон равиши замона мадон.
Аз ў ҳарчи андар хўрад бо хирад,
Дигар бар раҳи рамз маънӣ барад.

Шоир ҳарчанд аз ривоёту асотири куҳан сухан меронад, вале онро аз ҳақиқат дур намедонад. Мақсаду мароми ў аз баёни ривоятҳои афсонавӣ, пеш аз ҳама, ошкор сохтани ҳақиқати ҳаёт аст. Аз ин ҷост, ки ў хонандаро ба дарёфти рамзҳои достонаш, ки аз воқеияти зиндагӣ бозгў мекунанд, даъват менамояд. Дарки ҳақиқати зиндагиро низ шоир ба хиради инсон вобаста медонад.
Шахсе, ки аз хирад баҳраи кофӣ надорад, зуд аз роҳи нек берун меравад ва ба корҳои ношоиста даст мезанад. Фирдавсӣ дар мисоли Заҳҳок нишон медиҳад, ки чӣ тавр як ҷавони некдил, вале мағзаш аз донишу хиради баланд тиҳӣ зуд ба суханҳои зебои Иблис фирефта шуда, аз роҳи нек ба роҳи бад меравад.
Дар Шоҳнома хирад, ки мояи азалӣ ва худодод аст, бетағйир намемонад ва дар натиҷаи омўзишу парвариш рушду камол меёбад, яъне он ниёз ба омўзгору парастор дорад. Бесабаб нест ки Афросиёб хабари зода шудани Кайхусравро шунида, амр медиҳад, ки ўро ба назди шубонон ба кўҳ фиристанд, то ки хирадаш тавсиаву такомул наёбад, аз хурдӣ дар муҳити дур аз фарҳангу

пешина
аз 625
навбатӣ