Равзанаи адаб

дониш ба воя расад ва аз асли худу ҳодисаҳои хунине, ки нисбат ба падараш Сиёвуш раво дидааст, огоҳӣ наёбад:
"...Мадореш андар миёни гурўҳ,
Фиристед назди шубонон ба кўҳ.
Бад-он то надонад, ки ман худ киям,
Бад-эшон супурда зи баҳри чиям.
Наёмўзад аз кас хирад бо нажод,
Зи кори гузашта наёяд-ш ёд".
Фирдавсӣ дар ташаккули инсон ва рушду тавсиаи хиради он нақши тарбияву ҳикматро хеле бузург медонад. Ҳикмати амалӣ, ки дар асоси донишу хирад ва таҷрибаи рўзгори инсон дар тўли асрҳо ҳосил мегардад, бо мурури замон сайқал дида, ба як василаи муҳимми тарбиявӣ табдил меёбад. Дар Шоҳнома аз ин васила дар мавридҳои гуногун хеле моҳирона корбаст шудааст. Чунон ки аз мисолҳои зикршуда ҳам пайдост, аксари пандҳои ҳакимонаи Фирдавсӣ аз ситоиши хираду омўзиши дониш ва амсоли инҳо иборатанд, ки ба ифодаи худи шоир "панди хирад" мебошад ва рўй тофтану ба кор нагирифтани он инсонро ба ранҷу азобҳо ва пушаймонӣ гирифтор хоҳад кард:
Зи панди хирад гар бигардад сараш,
Пушаймонӣ ояд зи гетӣ бараш.
Фирдавсӣ аксари панду андарзҳои худро аз забони файласуфону мўбадон, ки дар Шоҳнома тимсоли хирадмандонанд, баён намуда, таъсир ва дарки он пандҳоро бештару афзунтар кардааст. Шоир бахусус аз ганҷи шойгони панду андарзи Эрони бостон Пандномаи Бузургмеҳр истифодаи фаровон намуда, аз ҷумла аз забони Бузургмеҳри хаким дар бораи мақоми донишу хирад дар ҳаёти инсон овардааст:
Зи дониш чу ҷони туро моя нест,
Беҳ аз хомўшӣ ҳеҷ пироя нест.
Чу бар дониши хеш меҳр оварӣ,
Хирадро зи ту бугсилад доварӣ...
Мадоро хирадро бародар бувад,
Хирад бар сари ҷон чу афсар бувад...
Фурўтан бувад шоҳ, ки доно бувад,
Ба дониш бузургу тавоно бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё