Равзанаи адаб

Вале Фирдавсӣ танҳо бо андарзҳои ҳакимона, ки Шоҳнома саршори онҳост, қаноат намекунад ва бо қаҳрамонони худ низ ба мардум панд медиҳад, роҳу равиши дурусти зиндагиро пешниҳод менамояд ва ба корҳои неку ҳамида роҳнамоӣ мекунад. Ҳамчунин дар Шоҳнома як силсила симоҳои хирадманд офарида шудаанд, ки бо андешаву рафтори неки худ намунаи ибрат ва шоистаи пайравии дигаронанд. Аз ин рў, адабиётшиноси тоҷик шодаврон Шодӣ Асрор барҳақ таъкид карда буд, ки муроди Фирдавсӣ аз шахси хирадманд инсони комил аст: "Шоир таҳти мафҳуми "хирад" волотарин хислатҳои инсонӣ ва зери мафҳуми "хирадманд"
инсони комилро дар назар дорад" Фирдавсӣ хирадмандиро бо некўкорӣ баробар медонад, зеро ў бовар дорад, ки шахси бохирад ҳамеша аз рўи ақл амал хоҳад кард. Шахси оқил огоҳ аст, ки сазовори аъмоли худ мукофоти амал хоҳад дид:
Ту чандон ки бошӣ, сухангўй бош,
Хирадманд бошу накухўй бош...
Нигар, то чӣ корӣ, ҳамон бидравӣ,
Сухан ҳар чӣ гўӣ, ҳамон бишнавӣ.
Ҳар қадар инсон хирадмандтар бошад, аз назари Фирдавсӣ ҳамон қадар қадру эътибораш баланд гашта, ба Худованд наздиктар мешавад. Аз ин рў инсони хирадманд бояд мақому мартабаи баланд дошта бошад ва махсусан, ҳокимон вазифадоранд, ки эҳтироми онҳоро ба ҷой оранд ва аз дониши онҳо баҳра бардоранд:
Ҳаме подшоҳе, ки дорад хирад, Зи гуфти хирадманд ромиш барад.
Ба яздон хирадманд наздиктар, Бадандешро рўз ториктар.
Фирдавсӣ дар ҳар маврид хирадмандиро чун сифати аз ҳама волои қаҳрамонаш таъкид менамояд. Фаридун дар паёми худ ба шоҳи Яман фарзандони худро муаррифӣ карда, пеш аз ҳама, хирадмандии онро гўшрас менамояд:
Се фарзанди шоистаи тоҷу гоҳ,
Хирадманду бодонишу дастгоҳ.
Ў ҳамчунин хирадро аз молу сарват авлотар дониста,
фарзандонашро чун хирадманд ба камол расонидааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё