Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ин ду далел ва мисолҳои фаровони дигар собит менамоянд, ки забони порсии дарӣ то истилои арабҳо дар радифи забонхои суғдӣ, бохтарӣ, хоразмӣ, ориёӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр дар шакли гуфторӣ вуҷуд доштааст.
Ба назар нагирифтани ин воқеияти таърихӣ боиси пайдо шудани муаммоҳо барои Жилбер Лазар гаштааст. Аз ҷумла барои ў «му аммои» нахустро Ибни Муқаффаъ, донишманди номдори эронӣ, ки поягузори насри арабӣ ва мутарҷими «Калима ва Димна» аз форсии миёна ба арабӣ буд, матраҳ кардааст». Жилбер Лазар иттилои Ибни Муқаффаъро дар бораи панҷ забоне, ки дар поёни даврони Сосониён вуҷуд доштанд, яъне забонҳои паҳлавӣ, дарӣ, форсӣ, хузӣ ва суриёнӣ зикр намуда, тааҷҷуб мекунад, ки чаро «Ибни Муқаффаъ ба талвеҳ мегўяд, ки дар миёни забонҳои Хуросон балхӣ беҳтарин гўйиши дарӣ аст.» Ва ин ҳакқиқатро ў муаммо медонад ва аз осори қарнҳои 1Х-Х1 мелодӣ амсоли тарҷумаи ТаърихиТабарӣ»,«Донишнома»-и Майсарӣ,«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Қобуснома»-и Кайковус мисолҳо меорад, ки дар ҳамаи онҳо ибораи форсии дарӣ ё порсии дарӣ истифода шудааст. Азбаски ин далелҳои қотеъ андешаи ўро ба субут намерасонанд, тааҷҷуб мекунад, ки «чаро Ибни Муқаффаъ ба ҳангоми сухан гуфтан аз «дарӣ» танҳо ба пойтахт ва ба Хуросон ишора мекунад ва на ба ҳеч бахшу шаҳри дигаре аз Эрон»?
Ин пурсишу тааҷҷуби донишманди фаронсавӣ ниёз ба тавзеҳу посух надорад ва гуфтаи Ибни Муқаффаъ дар воқеъ забони мардуми Хуросон будани порсии дариро собит менамояд.
Масъалаи баҳсбарангези дигар номи ин забон аст, ки ҳанўз решаи он ба таври дақиқ муайян нашудааст.
Аксари муҳақиқоне, ки дар ин хусус изҳори назар кардаанд, пайдоиши вожаи «дарӣ»-ро аз калимаи «дарборӣ» донистаанд.
Жилбер Лазар низ дар пайравии онҳо таъкид менамояд, ки «дарӣ» муштақ аз «дар» ва «дарбор» аст. Чунин ба назар меояд, ки дарӣ танҳо забони гуфторӣ будааст, он ҳам дар дарбори шоҳон ва дар пойтахти онон.» Аввалан, тавре ки маълум аст, забон падидаи синфиву табақавӣ нест ва забони ҳама дарборҳову давлатҳо забони расмии адабист.
Сониян, агар дар воқеъ забони форсии дарӣ забони дарбор мебуд, бо истилои арабҳо, ки дарборҳо нобуд шуданд, бояд аз байн мерафт.
Дар хусуси тасмияи «дарӣ» ахиран аз ҷониби устод Расул Ҳодизода андешаи нави зерин баён гардид: «Аммо фикри банда он аст, ки «дарӣ» ба маънои «дарунӣ, дохилӣ» аст, яъне забоне, ки бо он мардуми даруни маҳаллӣ - на арабҳои омада - сухан мегуфтанд ва аз он_ҷо номи «дарӣ», (яъне «дарунӣ»)-ро гирифтааст.» Дар баъзе луғатномаҳо ба пайдоиши «дарӣ» аз вожаи «дара» низ ишора шудааст.

пешина
аз 625
навбатӣ