Равзанаи адаб

буд ва аз ҷумла Носири Хусрав дар хусуси сиёсати риёкоронаи динии Маҳмуд навиштааст:
Он ки ба ҳиндувон буд, яъне ки ғозиям, Аз баҳри бадрагон, на зи баҳри ғазо шудаст.
Ин ҳама гувоҳ бар он аст, ки ба Султон Маҳмуд на матолиби мазҳабии «Шоҳнома», ки мақоме надорад, балки пеш аз ҳама андешаҳои ватандўстӣ, ифтихор ба гузаштаи дурахшони тамаддуни Эрон, эҳёи Аҷам / «Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ»/, ки комилан бо сиёсати давлати Сомониён созгор буданд, писанд наёмадаанд. Аз ин ҷост, ки ин шоҳкори бузурги назм, ки маъруфтарин шоирони оламро мафтун кардааст, мавриди қабули шоирони дарбори Султон Маҳмуди туркнажод қарор нагирифт.
Таъсири сиёсати Ғазнавиёнро на танҳо дар қисмати мадҳи қасоиди шоирони давр, ки саросар аз ситоиши иғроқомези мамдўҳон иборат аст, балки ҳатто дар тағаззулот ва қитъаву ғазалҳои онҳо низ метавон мушоҳида кард. Масалан, дар аксари тағаззулҳои Фаррухӣ мавзўи ишқ матраҳ шудааст ва тавре ки Зайнулобидини Мўътаман таъкид кардааст, «Шояд ҳеч шоире маънии ишқи моддиро беҳтар аз ў(Фаррухӣ –- М.М.)шарҳ надодааст». Дар тағаззуле ба саволи ошиқ дар бораи маънии шоир ишқи заминиву табииро хеле хуб шарҳ медиҳад :
Бари ман ишқро ғоят ба ҷоест, Ки кас кардан-ш натвонад муқаррар.
Чунон бояд, ки накнад ҳеҷ ошиқ Ҳадиси ҳосиди маъшуқ бовар.
Ба вақти хилват андар пеши маъшуқ Чи кеҳтар бошад андар пеши меҳтар,
Мусаххаргаштаи маъшуқ бошад В-агарчи оламаш бошад мусаххар.
Ин шеър, ки воқеан мафҳуми ишқро дуруст шарҳ медиҳад, ба назари аз ҷумлаи он ашъорест, ки то ба дарбор омадани ў суруда шудааст. Зеро дар аксари тағаззулҳот шоир ошиқ шахси мағруру бовиқор буда, маъшуқ қадру эътиборе надорад:
Ту чу ман ёр наёбӣ ба ҷаҳон, Ман чу ту ёбам ҳар рўз ҳазор…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё