Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • х – Оштӣ кардам бо дўст пас аз ҷанги дароз, Ҳам бад-он шарт, ки бо ман накунад дигар ноз…
    Тавре ки аён аст, ҳатто дар ишқияҳои шоир таъсири муҳити дарбор, ахлоқи ашрофонаи дарбориён равшан эҳсос мешавад. Бо вуҷуди ин шоирони нимаи авали асри Х1 суннатҳои шоирони пешинро махсусан дар сабку забон идома дода соддагиву таровати сабки хуросониро ҳифз намуданд. Онҳо маҳорати суханварии худро бештар дар бахши тағаззулоти қасидаҳо ба харҷ дода, тасвирҳои ҷолиберо офариданд, ки арзиши баланди бадеиву зебошинохтӣ доранд. Ба хусус тасвири табиат дар тагаззулоти Фаррухиву Унсурӣ ва мусамматоти Манучеҳрӣ хеле барҷаста ва ҷаззоб сурат гирифта, офаридаҳои онҳо, чунонки донишманди фаронсавӣ С.
    Фушекур таъкид кардааст, беназир буда, беҳтарин намунаҳои тасвири табиат дар адабиёти форсизабон маҳсуб мешавад. Аз ин рў дар ин маҷмуа бештар тағаззулоти қасидаҳои шоирони маъруфи ин давра интихоб гардида, аз қисмати мадҳи онҳо, ки барои хонандаи имрўз арзиши зиёд надоранд, сарфи назар карда шуд. Албатта, дар қисмати мадҳи қасидаҳо низ баъзе тасвирҳои ҷолиб ва зикри воқеаҳои таърихӣ ба назар мерасанд, ки барои муҳаққиқон заруранд. Инро дар ду қасидаи комили Фаррухӣ, ки барои намуна овардем, метавон мушоҳида кард. Ҳамчунин намунаҳо аз навъҳо дигари ашъори шоирон оварда шуд, то ки хонанда тасаввури пуррае дар бораи адабиёти ин давра пайдо намояд.

Ҷилваи маҳорат
Эҷодиёти суханварони соҳибистеъдод баробари умумияту ҷиҳатҳои муштарак дорои хусусиятҳои хосе низ мебошанд, ки ин хусусиятҳо барои сурат гирифтани фардияти эҷодии адибон ва мақоми сазоворе пайдо кардани онҳо дар таърихи адабиёт мадад мерасонанд.

пешина
аз 625
навбатӣ