Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Агар ин шароит ба вуҷуд намеомад ва дастгириву пуштибонии он давлатҳо, ба хусус давлати Сомониён намебуд, яқинан забонҳои эронӣ имрўз ба ин ҳолат намерасиданд.
Ин ҳақиқати таърихӣ, ки аз ҷониби эроншиносони олам пазируфта шудааст, ахиран дар асари Г. Ҳидоятов «Заволи Сомониён», ки ба забони русӣ ба табъ расидааст, нодида гирифта шуда, мақоми Сомониён дар арсаи таърих рад гардидааст.
Мо ин ҷо дар хусуси андешаҳои беасосу муғризонаи Г.Ҳидоятов роҷеъ ба «ватани аслии туркҳо будани Осиёи Марказӣ», «шаҳри қадимии туркҳо будани Бухоро», «сардори наҳзати милливу озодихоҳии халқҳои турк будани Абумуслими Хуросонӣ», «Ҳокими Балх будани туркони қарлуқ дар асри IX», боаслу насаб ва бомутакко будани давлатҳои Қарохониён, Темуриён, Аштархониён, Манғитиён ва қавмҳои қарлуқ, чигил, қунғурот, барлос, манғит... ва беаслу насаб ва бе асоси этникӣ будани Сомониёну тоҷикон дар Осиёи Марказӣ, «давлати хориҷӣ будани Сомониён» «дар уқёнуси ҷаҳони туркон», «ҳеч осори намоёне дар солномаи таърихии Осиёи Марказӣ нагузоштани сулолаи Сомониён» ва амсоли инҳо чизе намегўем ва таърихшиносон посухи сазовори онҳоро хоҳанд дод.
Ҳоло бо таъкиди ин матлаб иктифо мешавад, ки фақат як ғамхориву парастории Сомониён нисбат ба забон, адабиёт фарҳанг ва аҳли илму адаб хидмати бузурги таърихист. Дар ин бора дар «Аҳсануттақосим фӣ маърифатилақолим»-и донишманди араб Абўабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмади Муқаддасӣ, ки ба қавли Ҷаводи_Ҳиравӣ «аз ҷумлаи мўътабартарин манобеи ҷуғрофиёӣ ба шумор меояд», ишора шудааст, ки «онҳо (Сомониён-М.М.) бо хулқу хў, бо намуд ва бо эҳтиром нисбат ба илму аҳли илм аз беҳтарин шоҳонанд...Онҳо намегузоранд, ки аҳли илм дар ҷилавашон заминбўсӣ кунанд ва расми онҳост, ки дар тамоми тўли моҳи Рамазон ҳар шаб ба манзури мубоҳиса дар ҳузури ҳокимон маҳфил баргузор кунанд».
Аз ин рў метавон хидматҳои бузурги Сомониёнро, ки онҳо на танҳо ба забону адабиёт ва аҳли илму фарҳанг таваҷҷўҳ ва ғамхории зиёд зоҳир менамуданд, балки озодии андешаву ақида, оину мазҳабро ҷорӣ намуда, гуфтугўи тамаддунҳоро фароҳам оварда буданд, ки ба майдон омадани Рўдакиву Фирдавсӣ, Ибни Синову Закариёи Розӣ, Абўнасри Форобиву Абўрайҳони Берунӣ ва даҳҳо адибону донишмандони бузург самараи онҳост, аз омилҳои муҳимми мондагорӣ ва рушди сареъ пайдо кардани забону адабиёти форсу тоҷик дар он даврон аст.

пешина
аз 625
навбатӣ