Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Андешаҳои роҷеъ ба забон ва адабиёти форсу тоҷик баён кардаи Г. Ҳидоятов низ аксаран беасосу ғалатанд, ки ҷихати намуна ба чанде аз онҳо ишора менамоем.
Г. Ҳидоятов ба Сомониён тўҳмат намуда, гуноҳи аз байн бурдани забонҳои маҳаллиро ба гардани онҳо бор мекунад:
«Сомониён саъй менамуданд, ки ба дарбори худ ба Бухоро шоирону мутрибонро ба таври васеъ ҷалб намоянд, ба ин тарз онҳо ният доштанд, ки забонҳои маҳаллӣ, аз ҷумла суғдиро танг намоянд ва фарҳанги маҳаллиро аз байн баранд. Вале худи онҳо чизе наофариданд.» «Иштибоҳи марговари Сомониёнро» Г. Ҳидоятов дар кўшиши «суръатафзоии арабисозии Мовароуннаҳру Хуросон» медонад, ки дурўғи маҳз будани он ниёз ба исбот надорад.
Таҳрифкории Г. Ҳидоятов ба ҳаддест, ки зодгохи бунёдгузори адабиёти форсизабонони олам устод Рўдакӣ - Панҷакентро вожаи туркӣ дониста, онро «шаҳри қадимии туркон» эълон мекунад ва дар ҳамин замина менависад: «Рудакӣ бо ҳама наздикиаш ба мардум дар сарзамине зиндагӣ мекард, ки аҳолии асосии этникии он туркҳо буданд, ки ўро кам мефаҳмиданд ва онҳо дар он замон назми туркии худро доштанд». Чунин андешаҳои беасосу тўҳматангез дар ин китоб фаровон аст, ки аз надонистани таъриху фарҳанг ва боғаразона будани нияти муаллифи асари «Заволи Сомониён» шаҳодат медиҳанд.
Дарвоқеъ, адабиёти ғании форсу тоҷик пуштвонаи асосии забони порсии дарӣ буда, боиси пойдориву мондагарии он гаштааст. Танҳо ба ёд овардани «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ кофист, ки шаҳомату ғановати забони форсии дарӣ тасаввур гардад.
Тавре ки худи шоир фармудааст:

Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.

Сабаби алорағми ҳуҷумҳои фалокатбори аҷнабиён,
тороҷгариву харобкории ваҳшиёнаи чингизиён на танҳо аз байн
нарафтан, балки рушд пайдо кардани адабиёти форсу тоҷикро
дар он замон ва пас аз он ва ба майдон омадани бузургтарин
адибони олам амсоли Ҷалолиддини Румиву Камоли Хуҷандӣ,
Саъдиву Ҳофизи Шерозӣ, ки воқеан шигифтангез аст, бояд дар
рушди сареъу беназири адабиёти аҳди Сомониён ва пойдории
суннатҳои волои он ҷуст, ки ҳеч нерўи харобиоваре то имрўз
натавонистааст садди пешрафти он гардад.
Масъалаи дигаре, ки имрўз мавриди баҳс аст, имконоти
забони илм шудани забони форсии тоҷикист. Бояд гуфт, ки дар аҳди Сомониён ин забон ба дараҷаи забони илмии давр расида буд.
Хидмати донишмандони замон, ба хусус Ибни Синову Берунӣ дар сохтани истилоҳоти илмҳои риёзиву физика, тиббу нуҷум, фалсафаву илоҳиёт, ҳандасаву маъданшиносӣ ва илмҳои дигар хеле бузург аст. Онҳо ҳатто усулҳои вожагузиниву истилоҳсозиро дар соҳаҳои гуногуни илм муайян карда буданд. Имрўз донишмандони илмҳои дақиқу табиатшиносии кишварҳои форсизабонро зарур аст, ки он таҷрибаву усулҳоро омўзанд ва дар эҷоди истилоҳоти тоза ба кор гиранд.
Имрўз бояд барои ҳамгунсозии истилоҳоти фаннӣ дар кишварҳои форсизабон кўшиши зиёд ба харҷ дод. Рангиниву гуногунии шеваи гуфтор, калимаву иборот ва таъбирҳои хос ҳусни забонҳову гўйишҳои моро меафзояд. Бо ҳамкориву ҳамёрӣ метавон забони илмро ба вуҷуд овард, ки посухгўи замони рушди техникаву фановарӣ бошад.

пешина
аз 625
навбатӣ