Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҳама бо мақсади ифодаи шиддати эҳсосу хаяҷон истифода шудааст. Зеро ҳангоми талаффузи «бад-ин» ҳамсадои ҷарангдори «д» ҷараёни ҳаворо такон дода, шиддати овозро бештар мегардонад. Таркиби «ба ин»
ҳарчанд соддатару равонтар аст, вале ин хусусиятро надорад.
Пас аз таркиби мазкур дар чаҳор қисмати байт тавсифи объектҳои асосӣ меояд (хуррамӣ, тозагӣ, равшанӣ, некўӣ). Чунон ки мебинем, ҳар чаҳор калима аз лиҳози ифодаи маъно ва сохти морфологӣ ба як гурўҳ дохил мешаванд. Яъне ҳамаи онҳо бо роҳи ба сифатҳои аслӣ ҳамроҳ кардани суффиксҳои исмсози –ӣ(-гӣ) сохта шуда, исмҳои абстракти ифодакунандаи аломат мебошанд. Дар охири қисматҳои байт бошад объектҳо омадаанд (ҷаҳон, баҳор, шароб, нигор). Бояд гуфт, ки ин объектҳо тахминӣ оварда нашуда, ба тақозои нияти эҷодии шоир ва ғояи шеър интихоб гардидаанд. Чунон ки гуфтем, матлаби асосӣ дар шеър танҳо тасвири зебоиҳои баҳор набуда, балки шоир кўшидааст ҳаяҷони тарабангез ва андешаҳои ҳаётдўстиро низ ифода намояд. Бо ин мақсад шоир маҳз ҷаҳони хурраму баҳори тоза, шароби софу дурахшон ва нигори зебо барин объектҳоро интихоб намудааст, ки сабабгори ба вуҷуд омадани эҳсосу андешаҳои сурурангезу ҳаётдўстонаи ў мебошанд.
Ин ҷо зоҳиран «баҳор» бар хилофи объектҳои дигар абстракт менамояд.
Вале мантиқи байт нишон медиҳад, ки баҳор на ба маънои умуман фасли сол омадааст, балки то андозае тобиши маънии маконро ҳам касб намуда, баҳори мавзеи мушаххасе мебошад, ки сифатҳои он дар байтҳои минбаъдаи тағаззул зикр шудааст.
Ҳамин тавр, тамоми ҷузъҳои матлаъ дар асоси симметрия бунёд ёфтааст. Агар ба сохти байти мазкур амиқтар назар андохта, аз рўи усули таҳқиқи структуралӣ ба миқдору навъҳои овозҳо диққат диҳем, ин хусусияти шеър боз ҳам возеҳтар муайян мегардад. Аз ҷумла қисматҳои аввали ҳар мисраъ на танҳо аз теъдоди баробари калимаҳои ҳамвазн, ки хусусияти тарсеъ аст, иборатанд, балки дорои миқдори баробари овозҳои ҳамсадо (10-тоӣ) ва садонок (7-тоӣ) мебошанд. Ҳамин ҳолат дар қисматҳои охири ҳар мисраъ, ки дорои 9-тоӣ овози ҳамсадо ва 7-тоӣ овози садонок мебошанд, низ мушоҳида мешавад…
Чунин таҳлилро боз ҳам давом додан мумкин аст, вале он ба шаклбозии маҳз хоҳад бурд, ки муҳаққиқон барҳақ аз нуқсонҳои методҳои структураливу семиотикӣ донистаанд. Мақсад аз зикри масъалаи мазкур ин аст, ки хусусияти симметрӣ, ки дар мундариҷаи тағаззул аз ҳамоҳангии зебоиҳои олами моддӣ дар фасли баҳор ба амал омадааст, айни ҳамин хусусиятро дар системаи образҳо ва ҷиҳатҳои шаклии шеър тақозо намудааст. Ба иборати дигар, дар ин тағаззул ягонагии шаклу мундариҷа хеле равшан зоҳир гаштааст, ки аз ҳам ҷудо кардани онҳо имконнопазир аст. Зеро чунон ки В.Г. Белинский навиштааст: «Вақте ки шакл ибрози мундариҷа аст, вай ба он чунон зич алоқадор мебошад, ки ҷудо карданаш аз мундариҷа маънои нобуд сохтани худи мундариҷаро дорад ва баръакс, ҷудо намудани мундариҷа
7 аз шакл нобуд кардани шаклро мефаҳмонад».

В.Г. Белинский. Полное собрание сочинений, т. IX, М., 1955, стр. 535.

пешина
аз 625
навбатӣ