Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

назари шоир буда, мавҷудияти ҳамоҳангии унсуру ҷузъҳои табиат таъкид мешавад. Аз ин ҷост, ки тағаззул чи аз лиҳози мундариҷа ва чи аз ҷиҳати шаклу усулҳои тасвир бар ҳамоҳангиву симметрия бунёд ёфтааст.
Инро якнавохтии оҳангу тасвир, истифодаи бомаром ва баробари санъатҳои тақсиму тарсеъ дар саросари шеър мувозинати томи қисматҳои дохилии шеър ва амсоли инҳо низ тақвият медиҳад.
Бояд гуфт, ки барои офаридани тасвир дар ин тағаззул мавқеи санъатҳои бадеии тақсиму тарсеъ хеле калон аст. Шоир аввал дар як байт ашёҳои табиатро ба таври баробар гўшзад намуда, сипас дар байти дигар онҳоро бо як тартиби муайян шарҳ медиҳад ё васф менамояд. Ин усул аз як тараф барои равшан тасаввур намудани лавҳаи ба қалам додаи шоир мадад расонда, аз тарафи дигар ба мураккаб шудани тасвир роҳ намедиҳад.
Ногуфта намонад, ки чунин тарзи истифодаи санъатҳои мазкур на танҳо дар тағаззул, балки дар тамоми қасида пурра риоя шудааст ва ин боиси халал пазируфтани мантиқи байтҳои ҷудогонаи қисмати мадҳ ва мураккаб шудани усули тасвир дар он байтҳо гардидааст. Масалан, дар байтҳои зер таносубу тартиб ва соддагиву фасеҳие, ки дар тағаззул ҳаст, мушоҳида намешавад:

Ба моҳе чаҳор мир, ба моҳе чаҳор шоҳ, Ба моҳе чаҳор шаҳр биканд аз буну зи бор.
Якеро ба кўҳ сар, якеро ба кўҳ шер
6 Якеро ба дашт ганҷ, якеро ба рўд бор…

Аввал ин ки дар байти якум ҳамоҳангӣ хароб гардида, танҳо бе субъекти амал номбар шудааст, вале дар байти сонӣ чаҳор чиз зикр гаштааст. Дигар ин ки феъли «кандан» ба мантиқи байт мувофиқ намеояд. Ҳамчунин миёни худи байтҳо робитаи зичи маънавӣ мушоҳида намешавад. Сабаби асосии ба вуҷуд омадани чунин норасоиҳо эҳтимол дар он бошад, ки усули нигориши шоир асосан барои тасвири ҳолати манзара созгор аст. Аз ин ҷост, ки тағаззул хеле дилчаспу табиӣ ба назар мерасад. Вале азбаски шоир дар байтҳои ҷудогонаи қисмати мадҳ бар хилофи усули пешгирифтааш ба тасвири амалиёт гузаштааст, тасвири ў халалдор гаштааст.
Акнун бубинем, ки шоир барои офаридани тасвир дар тағаззул боз аз кадом воситаҳо истифода намудааст ва ҳамоҳангиву симметрия дар онҳо чӣ навъ зуҳур кардааст. Оҳангу тартиби чидани калимаву ибораҳо низ ба маънии байтҳо ва эҳсосу ҳаяҷони тарабангези шоир мувофиқат менамояд. Барои мисол ба матлаи қасида диққат диҳем. Равшан аст, ки на танҳо ҳар мисраъ, балки ҳар порчаи дохилии ҳамоҳанги байт бо таркиби «бад-ин» оғоз меёбад, ки аз як тараф объекти тасвирро нишон диҳад, аз тарафи дигар ҳаяҷони ботинии шоирро ифода менамояд.
Ҳамчунин шоир беҳуда маҳз шакли «бад-ин»-ро интихоб накардааст. Ин барои риояти вазни шеър ё дигар ҷиҳатҳои шаклии он нест, балки пеш аз

Фаррухӣ, Девон…, саҳ. 146.

пешина
аз 625
навбатӣ