Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамон тавре ки Р. Алиев ва М.Н.
Усмонов таъкид мекунанд, масъалаи ҷудо кардани рубоиёти аслии Умари Хайёмро "дар сурате пурра ҳал кардан мумкин аст, ки агар дастнависи рубоиёт ба қалами худи Хайём ва ё ба замони зиндагиаш
12 наздик пайдо шавад".
Хушбахтона, аз охири қарни 19 шурўъ намуда, муҳаққиқони кишварҳои гуногуни олам ба ин кори душвор даст заданд ва дар ин замина кўшишҳои зиёде ба харҷ доданд. Аз ҷумла ховаршиноси рус В.А.
Жуковский матни 464 рубоиро, ки ба Умари Хайём нисбат дода мешуд, мавриди баррасӣ қарор дода, 82 рубоии сайёри шоирони дигарро ҷудо
13 намуд ва танҳо 6 рубоиро аз осори асили ў донист. Донишмандони дигар ин корро идома дода, барои ҷудо кардани рубоиёти асили Хайём роҳу василаҳои гуногунро корбаст намуданд. Масалан, эроншиноси донмаргӣ (даниягӣ) Артур Кристенсен теъдоди рубоиёти сайёрро ба 100 расонда, барои таъйини рубоиҳои асили Хайём зикри тахаллуси ўро меъёри асосӣ қарор дод ва 12 рубоиро, ки дар онҳо номи Хайём зикр
14 шудааст, бечунучаро аз осори ў шуморид. Вале баъдтар ў аз ин равиш даст кашида, усули муқоясаи нусхаҳои хаттиро пеш гирифт ва 121 рубоиро, ки дар чандин дастнавис дучор мешаванд, ба силки рубоиёти
15 асили Хайём дохил намуд.
Эроншиносони англис Денисон Росс, Артур Арберрӣ, олмонӣ Ф.
Розен, Г. Ремпис, маҷорӣ Б. Силлик, ҳиндӣ Свами Говинда Тиртҳа, шўравӣ М. Занд, М.Н. Усмонов, Р. Алиев, Н.В. Косачкова ва амсоли инҳо роҳу усулҳои гуногунро пеш гирифта, барои ҷудо кардани рубоиҳои ба назарашон асили Хайём кўшишҳо ба харҷ доданд ва нусхаҳои хаттии нодиру куҳантарини рубоиёти ўро пайдо намуда, бо тавзеҳу ташреҳ ба табъ расонданд.
Дар ин росто донишмандони эронӣ низ саъю кўшиши зиёд зоҳир намудаанд, ки ба хусус хидматҳои Муҳаммад Қазвинӣ, Муҳаммад Алии Фурўғӣ, Қосим Ғанӣ, Аббос Иқбол, Саид Нафисӣ, Ҷалолиддин Ҳумоӣ, Фулодванд, Ягонӣ, Алии Даштӣ, Мўҳсини Фарзона, Раҳим Ризозода Малик ва дигарон хеле бузург аст. Онҳо махсусан дар тасҳеҳу интишори рубоиёти Хайём корҳои зиёдеро анҷом додаанд.
Агар ховаршиносони аврупоӣ дар интихоби рубоиҳои асили Умари Хайём бештар ба нусхаҳои хаттӣ ва қадимаи онҳо такя карда бошанд, донишмандони эронӣ мазмун ва сабку шеваи баёнро асосан милоку меъёри худ қарор додаанд. Аз ҳамин дидгоҳ Муҳаммад Алии Фурўғӣ ва

13 В.А. Жуковский. Омар Хайям и странствующие четверостишия. Сб.
"Музаффария", СПБ., 1897, стр. 362.
14 A. Christensen, Recherches sur les Rubaiat de Omar Hayyam, Haidelberg, 1905.
15 A. Christensen, Critical studies in the Rubaiat of Umar-I Khayyam, Kebenhavn, Қосим Ғанӣ 178 рубоиро чун осори асили Хайём интихоб ва чоп кардаанд.

пешина
аз 625
навбатӣ