Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зимнан ногуфта намонад, ки дар тадвину интишори рубоиёти Умари Хайём ҷаълу сохтакориҳои зиёде ҳам ба вуқўъ омадаанд. Борҳо нусхаҳои хаттӣ бо санаҳои ҷаълӣ чун қадимтарин дастнависҳои рубоиёти Хайём муаррифӣ ва чоп шудаанд. Аз ҷумла ҷаълӣ (қалбакӣ) будани дастнависҳои маҳфуз дар Донишгоҳи Кембриҷ, ки гўё соли 1207 китобат шудааст ва матни онро соли 1955 дар Душанбе ва соли 1959 дар Маскав ба табъ расонидаанд, дар китобхонаҳои Дублин ва Ню-Йорк, ки низ гўё дар ибтидои қарни 13 мураттаб гаштаанд, ба субут расидааст.
Таҳқиқу таъйини рубоиёти асили Умари Хайём ҳоло идома дорад ва дар ин росто баъзе комёбиҳои назаррас ба даст меоянд. Ахиран ховаршиноси ҷавони рус Н.Е. Косачкова кори устоди худ М.Н.
Усмоновро давом дода, таҳти роҳнамоии ў усули "таърихияти матн"-ро, ки донишманди бузурги рус Д.С. Лихачев пешниҳод кардааст, пайгирона нисбат ба рубоиёти Умари Хайём корбаст намуда, бо истифода аз дастовардҳои хайёмшиносон аз 18 сарчашмаву нусхаи хаттӣ, ки дар тўли 250 соли баъди вафоти ў офарида шудаанд, рубоиҳои шоирро ҷамъ
17 овардааст, ки теъдоди онҳо ба 515 мерасад.
Ҳарчанд ин равиши баррасиву интихоб нисбат ба равишҳои дигар воқеитар аст, вале ба назари мо пурра ва мукаммал нест. Аввалан такя ба нусхаҳои хаттии бозмонда масъаларо комилан ҳал намекунад, зеро манбаъҳову нусхаҳои боқимонда дар асрҳои баъд мураттаб шуда, ҳанўз нусхае, ки дар замони худи Хайём мураттаб шуда бошад, пайдо нагаштааст. Сониян далелҳои манбаъҳову нусхаҳои хаттӣ низ қотеъ нестанд. Барои мисол далелҳои ду сарчашмаи аввалро, ки шомили рубоиҳои Хайём мебошанд, аз назар гузаронем. Ба ақидаи Н.Е.
Косачкова қадимтарин манбае, ки дар он рубоиҳои Хайём сабт шудаанд, "Синдбоднома"-и Заҳирии Самарқандӣ мебошад, ки соли 1159, яъне пас аз 36 соли вафоти шоир таълиф ёфтааст. Зимнан бояд гуфт, ки аз чи бошад муҳаққиқ мулоҳизаҳои Мўҳсини Фарзонаро дар хусуси куҳантарин манбаъҳои рубоиёти Хайём будани рисолаи "Мавъиза"-и шайх Аҳмади Ғаззолӣ, "ки бегумон ба фосилаи як то ду сол пас аз марги
18 ҳакими Нишобур таҳрир шуда", ба эътибор нагирифтааст, ҳарчанд аз асари ў истифода намуда, ба он ишораҳо кардааст. Мўҳсини Фарзона дар бобати рубоии зер баҳси тўлонӣ намуда, рубоии асили Хайём будани онро собит кардааст, ки ҷои тардид нест:

Умари Хайём, Рубоиёт, тартибдиҳанда М. Занд, Сталинобод, 1955.
Омар Хаййам. Рубаййат, подготовка текста, перевод и предисловие Р.М. Алиева и М.Н. Османова, под редакцией Е. Бертельса, М., ч. 1-2, 1959.

пешина
аз 625
навбатӣ