Равзанаи адаб

"Синдбоднома", Ровандӣ дар "Роҳатуссудур", Имом Фахри Розӣ дар рисолаи "Аттанбеҳ" Саъдиддини Варовинӣ дар "Марзбоннома"...
Вале ба назари мо фақат дар манбаъҳо сабт шудани рубоиҳо, он ҳам аксаран бидуни зикри номи муаллиф барои баровардани ҳукми қатъӣ ба рубоиҳои асили Хайём будани онҳо кофӣ нест. Бинобар ин усули мазкур эҳтиёҷ ба тақвияти равишҳои дигари таҳқиқ дорад. Дар ҳоле ки нусхаҳои хаттии маҷмўаи рубоиёти Умари Хайём ба қалами худаш ва ё наздиктар ба замонаш ба даст наомадааст, дар таъйини рубоиҳои асили ў усули ҷомеъеро пеш гирифтан беҳтар мебошад. Усули ҷомеъ метавонад пеш аз ҳама равишҳои зерини таҳқиқро дар бар бигирад:
-
Таҳқиқи матншиносӣ
а) Рубоиҳои Хайём дар манобеъи таърихӣ, адабӣ, ҷуғрофиёӣ...
б) Рубоиҳо дар нусхаҳои гуногуни хаттӣ (биёз, ҷунг, маҷмўаҳо).
в) Муқоясаи матни нусхаҳо. -
Таҳқиқи сабкшиносӣ
а) Мазмун ва маъниҳои хоси рубоиёти Хайём.
б) Сувари хаёл ва тасвирҳои рубоиёти ў.
в) Луғату таъбирҳои рубоиёти Хайём. -
Таҳқиқии татбиқии рубоиёти сайёри Хайём бо рубоиҳои шоирони дигар.
-
Истифодаи равишҳои оморӣ ва компютерии таҳқиқ.
-
Шинохти шахсияти Умари Хайём, муҳит ва афкору андешаҳои ў ва бозтоби онҳо дар рубоиёти асили вай.
Дар мавридҳои зарурӣ ба тақозои ҳол аз усулу равишҳои дигари таҳқиқ истифода кардан мумкин аст. Бо истифода аз усулу равишҳои гуногун ба таври аниқу дақиқ муайян кардани рубоиҳои асили Умари Хайём бешубҳа заминаҳои илмии хайёмшиносиро устувор хоҳад намуд.
2000

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё