Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Оранд якеву дигаре бирбоянд,
Бар ҳеҷ кас ин роз ҳаменакшоянд.
Моро зи қазо ҷуз ин қадар нанмоянд,
19
Паймона туӣ, умр ба ту паймоянд.

Дар "Синдбоднома"-и Заҳирии Самарқандӣ дар ибтидову интиҳо ва дар зимни ҳикоятҳои он 5 рубоии мансуб ба Хайём бидуни зикри номи муаллиф нақл шудаанд. Рубоии аввал пас аз як шеъри арабӣ сабт шудааст:

Аз ҷумлаи рафтагони ин роҳи дароз, Бозомадае ку, ки ба мо гўяд роз?
Пас бар сари ин дуроҳаи озу ниёз
20 То ҳеҷ намонӣ, ки намеоӣ боз.

Рубоиҳои дигар низ бидуни шарҳу тавзеҳе нақл шудаанд.
Дар "Марзбоннома"-и Саъдиддини Варовинӣ дар зимни "Достони моҳихор ва моҳӣ" нависанда аз забони мурғаки солхўрдаву заиф аз сустиву беҳолии пирӣ шикоят намуда, мегўяд: "Чунон ки он зиндадил гуфта:

Дар пушти ман аз замона ту меояд В-аз ман ҳама кори нонакў меояд.
Ҷон азми раҳил карду гуфтам, ки марав,
21 Гуфто: "Чӣ кунам, хона фурў меояд".

Дар қисмати "Таълиқот ва тавзеҳот"-и асар Муҳаммад Равшан менависад: "Зоҳиран аз Хайём аст ва бо ихтилофи андак дар "Луғатнома"-и Деҳхудо зайли вожаи ту омадааст.
Дар "Таронаҳои Хайём"-и Содиқ Ҳидоят ва дар "Тарабхона"-и Ёраҳмади Рашидии Табрезӣ мусаҳҳаҳи устод Ҳумоӣ бо ихтилоф
22 омадааст".
Бисёр муҳаққиқон ба ин минвол рубоиҳои дар манобеъи асрҳои XII-XV ҷойдоштаро бидуни шубҳа рубоиёти асили Хайём донистаанд.
Аз ҷумла Мўҳсини Фарзона ҳам навиштааст: "Хушбахтона, он андоза рубоии асил, ки ба ҷо монда, ба тавассути нависандагону дабирони машҳур нақл шудааст, ки дар асолату сиҳҳати онҳо тардид нест. Чун шайх Аҳмади Ғаззолӣ дар рисолаи "Мавъиза", Заҳирии Самарқандӣ дар

пешина
аз 625
навбатӣ