Равзанаи адаб

сўҳбатҳои илмӣ ошкоро баён намояд. Бинобар ин бештар хомўширо авло медонист ва аз интишори рубоиёташ ҳам худдорӣ менамуд:
Асрори ҷаҳон, чунон ки дар дафтари мост,
Гуфтан натавон, ки он вуболи сари мост.
Чун нест дар ин мардуми доно аҳлӣ
Гуфтан натавон ҳар он чи дар хотири мост.
Робитаҳои мустақимро миёни андешаҳои илмии Хайём дар рисолаҳояш бо рубоиёти ў метавон мушоҳида кард, ки ин ҳам барои шинохти рубоиҳои аслии ў мадад мерасонад. Хайём дар муқаддимаи "Рисолат филбароҳини ало масоилилҷабри валмуқобала" дар бораи гурўҳе аз олимтарошони замонаш, ки бо қаллобиву фиребгарӣ машғул буда, ҳақро ботил медонанд, бо таассуф сухан мегўяд. Чунин андешаро Хайём дар чанд рубоӣ аз ҷумла дар рубоии зайл возеҳу барҷаста баён кардааст:
Онон ки муҳити фазлу одоб шуданд,
Дар кашфи улум шамъи асҳоб шуданд,
Раҳ з-ин шаби торик набурданд бурун,
Гуфтанд фасонаеву дар хоб шуданд.
Ба назари мо суолҳои шогирди Ибни Сино Қозӣ Абўнаср Муҳаммад Абўнаср Муҳаммад ибни Абдураҳими Насавӣ ба Умари Хаём омили пайдоиши як зумра рубоиҳои ў шудаанд. Суоли аввал он аст, ки "шуруру музодоте, ки дар ин олам воқеъ шуда ва мешавад оё
26 мумкинулвуҷуданд ва ё воҷибулвуҷуд?"
Хайём ба ин савол ва саволҳои дигар бо зикри далелҳои гуногун посух медиҳад, вале он қонеъкунанда ва самимӣ ба назар намерасад. Зеро воқеан "рисолати Хайём аз мавзеъи расмӣ навишта шудааст. Яъне аз Хайём ба унвони як мударриси дараҷаи аввал ва саршиноси ҳикмати машшоъ суолоте кардаанд ва ў аксаран ончунон ки мебояд ва интизор меравад, посухҳое додааст, бе он ки лузуман он посухҳо дар ботин барои
27 худаш ҳам қонеъкунанда бошад."
Хайём дар посухҳои худ саъй кардааст, ки дар доираи аҳкоми шариат сухан ронда, аз баёни ҳайрату шубҳа дар ростои шинохти ҳақиқат худдорӣ намояд. Вале дар як зумра рубоиҳо, ки онҳоро фақат барои худ сурудааст, андешаҳои шубҳаомези худро, ки аз суолҳои дандоншикани Насавӣ бармеоянд, баён кардааст, ки яке аз онҳо рубоии зер аст:
Доранда чу таркиби табоеъ орост,
Боз аз чӣ сабаб фикандаш андар каму кост?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё