Равзанаи адаб

Гар нек наёмад ин бино, айб кирост?
В-ар нек омад, харобӣ аз баҳри чирост?
Дар поёни посухҳои худ Хайём ба душвор будани саволҳо ишора намуда, зарурати ҷустуҷўҳоро дар ин замина таъкид месозад: "Бидон, ки дар ин ҷо боз матолибе ҳаст, ки ба таҳрир намегунҷад ва баён ҳам аз адои ҳаққи ў қосир аст ва мўҳтоҷ аст ба ҳадси соиб ва қареҳаи нуронӣ ва нафси комили тамомиёр то мутаваҷҷеҳ ба уқул шавад ва аз ақли фаъол мадад талабад, то ҳақиқати ҳол бар ў мункашиф шавад ва аз зулмати
28 ҷаҳл раҳоӣ ёбад."
Дарвоқеъ Хайём ин ҷустуҷўйҳои фикриро идома дода, андешаҳояшро дар як силсила рубоиҳои фалсафиаш бозгў намудааст.
Ҳамин тавр, таҳкиқи шахсият ва андешаҳои илмии Умари Хайём ҳамроҳ бо равишҳои дигар барои шинохти рубоиёти асили ў мадад мерасонад.
......
- Шинохти шахсияти Умари Хайём, муҳит ва афкору андешаҳои ў ва бозтоби онҳо дар рубоиёти асили вай.
Ҳоло мехоҳам роҷеъ ба авиши охирин, ки мутаассифона, аксари муҳаққиқони рубоиёти Хайём, ба хусус донишманди аврупоӣ ба он камтар таваҷҷўҳ кардаанд ва ниёз ба тавҷеҳ дорад, чанд мулоҳиза баён намоям. Алии Даштӣ аз зумраи он донишмандони камшуморе аст, ки дар ин замина ҷустуҷўйҳо намуда, шахсияти Хайёмро қабл аз ҳама чун донишманди бузурги риштаҳои риёзӣ, нуҷум, фалсафа, адабёт, тафсир, ҳадис ва амсоли инҳо қаламдод мекунад. Сониян ўро фарзонае медонам, ки ба навиштану тадрис ва пургўиву баҳс майле надоштааст: "Ин марди камҳарфи мувақққар ба фазоиле оростааст, ки хоҳ нохоҳ боиси ҷалби эҳтиром аст, афзунталаб нест, ба мақому ҷоҳ валаъе надорад, ба зиндагии содда ва ҳадди аққали маишат сохта аст ва аз ҳар чизе, ки ўрог аз доираи эътидол берун кунад, мепарҳезад...
Хайём аз он табақаи мардумонест, ки даррокаи қавӣ ва фикри нофизи онҳо наметавонад дар сатҳи мўътақидоти умумӣ боқӣ бимонад, ночор ба ковишу ҷустуҷў бармехезад ва хоҳ нохоҳ дучори шак шуда ва дар ҳеҷ бобе ақидаи ҷозим ва қотеъ надоранд ва аз ҳамин рўй дигар ҳеҷ гуна боису мўҷиби маъқуле намеёбанд, ки шукуки худро дар ҷони дигарон бирезанд, махсусан, ки хатари табоҳ кардани зиндагии хешро
29 дар он мебинанд".
Бар мабнои ин тасвири шахсияти Хайём, сабабҳои кам рубоӣ навиштани ў, паҳн накардани онҳо ва дар натиҷа дар замонаш ба шоирӣ машҳур нашудани ў равшан мегардад.
Таҳқиқи афкори илмиву фалсафии Хайём ва татбиқи рубоиёт ба онҳо низ барои таъйини рубоиёти асили шоиру донишманд хеле судманд аст. Масалан, дар як рисолааш (Заруратуттазод фил олами валҷабри

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё