Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

СУННАТҲОИ БОСТОНӢ ДАР АДАБИЁТИ АҲДИ СОМОНӢ

Яке аз омилҳои рушду такомули адабиёту фарҳанги аҳди Сомониён бешубҳа таваҷҷўҳи зиёди адибону донишмандони давр ба тамаддуни Эрони бостон ва эҳёи суннатҳои волои он мебошад.
Тавре ки маълум аст, пас аз истилои арабҳо дар замони султаи хилофат дар Хуросону Мовароуннаҳр ва соири кишварҳои Шарқ ҷунбишҳои озодихоҳиву истиқлолталабӣ ривоҷ пайдо кард, ки муҳимтарини онҳо наҳзати Абўмуслими Хуросонӣ, шўриши Сунбоди Муғ, исёни Муқаннаъ ва ба хусус наҳзати шуубия буданд, ки на танҳо боиси тағйироти ҷиддӣ дар хилофат шуданд, балки ба пайдоиши давлатҳои маҳаллии Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён анҷомиданд.
Дар таҳкими истиқлоли давлатҳои мазкур бедории мардуми кишвар, тарбияту тақвияти эҳсоси меҳандустии онон, нақши забони форсии дарӣ ва осори пурбаҳои ба ин забон офарида шуда хеле калон аст, ки намунаи барҷастаи он «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавӣ аст, ки хушбахтона, то имрўз ба таври комил боқӣ мондааст.
Ҳарчанд аз осори шоирони форсизабони асрҳои 1Х – Х бо мурури замон ва бар асари турктозиву китобсўзиҳои аҷнабиёни истилогар танҳо намунаҳои каме боқӣ мондаанд, бо вуҷуди ин дар он абёти пароканда ва шеърпораҳо ҳам метавон таваҷҷўҳи зиёди шоирони замонро ба эҳёи суннатҳои бостонии фарҳанги эронӣ эҳсос намуд, ки барои пайдоиши шоҳасаре чун «Шоҳнома» замина гузоштаанд. Вале, мутаассифона, ин масъала ҳанўз мавриди таҳқиқи амиқи муҳаққиқон қарор нагирифтааст ва иқдоме, ки донишманди маъруф Муҳаммад Муин дар ин росто шурўъ карда буд, идома пайдо накардааст. Ҳоло фақат роҷеъ ба ишораҳо ба суннатҳои бостонии фарҳанги эронӣ дар ашъори бозмондаи шоирони форсигўйи асрҳои 1Х – Х чанд мушоҳидаву мулоҳиза баён мешавад.
Дар ҳамон қитъаи машҳури ошиқонаи Ҳанзалаи Бодғисӣ, ки аз қадимтарин намунаҳои шеъри форсии тоҷикӣ маҳсуб мешавад, ишорае ба расми қадимии ба оташ афкандани сипанд барои пешгирӣ аз расидани чашми бад ба назар мерасад:
Ёрам сипанд агарчи ба оташ ҳамефиканд, Аз баҳри чашм то нарасад мар варо газанд.
Ўро сипанду оташ н-ояд ҳаме ба кор Бо рўйи ҳамчу оташу бо холи чун сипанд.

Сиёсати истиқлолхоҳии давлатҳои Тоҳириён, Саффориён ва ба хусус Сомониён шоиронро рўҳбаланд мекард ва эҳсоси ватандўстии ононро бармеангехт.

пешина
аз 625
навбатӣ