Равзанаи адаб

сухангўӣ таваҷҷўҳи зиёд додан, дониста сухан гуфтан, тоқати шунидани сухан доштан ва амсоли инҳоро таъкид менамояд:
Сухан дониста гў, чизе, ки гўӣ,
Ки нодониста беҳтар, гар нагўӣ.
Ба майдони фасоҳат гар дороӣ,
Маронаш гарм, то бар сар наёӣ.
Магў чизе ба аҳли рўзгорат,
Ки чун пурсанд, созанд шармсорат.
Сухан бишнав зи лафзи ҳар сухангўй,
Аз он соне, ки хуш ояд, аз он гўй…
Ба ҳар гуфтор манмо пешдастӣ,
Магў ногуфтаниҳо, рав, ки растӣ.
Масъалаи дигаре, ки дар андешаҳои ахлоқии Носири Хусрав ҷойгоҳи хос дорад, дўстӣ мебошад. ў дар дўстӣ содиқу вафодор буданро муҳим медонад. Барои шоир инсон будан дар ҳама ҳолат аз ҳама авлотар аст. Аз ин ҷост, ки фасли ба дўстӣ бахшидаи «Саодатнома» бо ин хитоби баланди башардўстӣ ба поён мерасад:
Зи мардум зодаӣ, бо мардумӣ бош,
Набояд дев будан, одамӣ бош!
Ҷои дигар шоир аз даст надодани дўстони ҳақиқиву ҷониро таъкид менамояд. Зеро пайдо кардани чунин дўстон кори осон нест:
Дило, ёре талаб, гар метавонӣ,
Чунон ёре, ки бар вай ҷон фишонӣ.
Кадомин дўст, к-ў бо дўст нозад,
Чу кор афтад, ба ҷон ҷонро бибозад.
Яке аз шартҳои дигари дўстӣ шинохтани дўст ва фарқ кардани ў аз душман аст. Шоир дўсти ноустувору бевафоро сахт мазаммат намуда, ҳатто бадтар аз саг медонад:
Бибояд фарқ кардан душман аз дўст,
Ки донистан зи душман дўст некўст.
Куҷо душман сиришти дўст бошад,
Ки мағзи дўстӣ бепўст бошад.
Саге, к-аш бо ту пайванд аст ҷонӣ,
Беҳ аз ёре, ки бо ту саргаронӣ.. Тавре ки зикр шуд, дар ҳикмати амалии Носири Хусрав масъалаи некиву накўкорӣ мақоми хосе дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё