Равзанаи адаб

Калиди ризқу қисмат сахт дар мушт,
Чароғи дилфурўзӣ дар даҳ ангушт.
Носири Хусрав дар «Саодатнома» як зумра хислатҳои ҳамидаро, ки ба ҳар инсон зарур буда, боиси такомулу сарбаландии ў мегарданд, мавриди тавсиф қарор медиҳад. Аз ҷумла ў ҳаёву имонро аз фазилатҳои инсон медонад:
Ҳаё асл аст андар зоти инсон,
Ки дорад адамиро одамисон…
Ҳаё пеш ор, агар имон-т бояд,
Ки имон бе ҳаё кай рух намояд…
Ҳаё бояд, ки дорад одамизод,
Ки лаънат бар вуҷуди беҳаё бод.
Қаноатро низ Носири Хусрав аз ганҷҳои ахлоқии инсон дониста, онро василаи хушҳоливу тавфиқ меҳисобад ва бо ин фазилат доро будани худро ҳам таъкид менамояд:
Мадон ганҷе беҳ аз ганҷи қаноат,
Ғаниҳол аст марди боқаноат…
Дареғ аст он ки баҳри як дирам зар,
Гуҳар бо хок бояд кард ҳамсар.
Агар дарвеш, агар шоҳу амир аст,
Ба гетӣ аз кафофӣ ногузир аст.
Маро камтар хўриш будиву пўшиш,
Ба мадҳи кас накардам ҷаҳду кўшиш…
Яке аз хислатҳои ҳамида, ки Носири Хусрав ба он таваҷҷўҳи зиёд дода, фасли ҷудогонае бахшидааст, сахову саховатмандӣ аст.
Шоир махсусан саховатро нисбат ба дарвешону муҳтоҷон зарур шуморида, таъкид менамояд, ки ҳар ки бахшиш кунад, саранҷом онро боз хоҳад ёфт:
Ба бахшиш кўш, то дастат шавад пур, Макун бо кас ба симу зар тафохур…
Ба яздон деҳ, чи дар бахшиш шитобӣ, Ба яздон ҳар чӣ бидҳӣ, бозёбӣ.
Носири Хусрав дар осори фалсафиаш ва маснавии
«Рушноинома» дар бораи моҳияти сухан дар ҳаёти инсон изҳори
андеша намудааст. Вале дар «Саодатнома» ба таври амалӣ ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё