Равзанаи адаб

Амир Хусрав дар ин ҷо пеш ҳама бузургӣ ва мақоми баланди инсонро дар байни тамоми мавҷудоти олам таъкид намуда, ўро "дурру ҷавҳари пок ва зевари хок" меномад. Шоир покизагии ахлоқ, ҳимматбаландӣ, накўкориву шарафмандиро аз фазилатҳои аслии инсон мешуморад. "Чарх туро баҳри шараф сохта!" хитоб мекунад шоир ба инсон, бинобар ин ў бояд қадру эътибори худро донад ва қудрату тавоноияшро ба корҳои шоиставу некў сарф намояд. Зеро:
Одамӣ аст аз паи кори бузург
В-ар накунад, ҳаст ҳимори бузург.
Амир Хусрав, ки монанди Саъдӣ дар замони пурошўби ғоратгариҳои истилогарони муғул умр ба сар мебурд, шоҳиди хонахаробиву бенавоии мардум, бениҳоят паст гаштани қадру эътибори инсон буд. Аз ин ҷиҳат ў ҳам ба мисли ҳамзамони инсонпарвари худ тасвиру ситоиши инсонро дар маркази эҷодиёти худ ва аз ҷумла маснавии "Матлаъуланвор" гузошта, бо тамоми қудрати суханварӣ моҳияти инсону инсонгариро таъкид менамояд.
Барои ҳар ду шоир ҳам мардумӣ (ба иборати Саъдӣ "Одамият") меъёри асосии санҷиши моҳияти инсон мебошад. Саъдӣ менависад:
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,
На ҳамин либоси зебост нишони одамият...
Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гўшу бинӣ,
Чӣ миёни нақши девору миёни одамият.
Амир Хусрав низ одамеро, ки аз мардумиву одамигарӣ дур аст, инсон намешуморад:
Н-аз сару гўш одамӣ аст одамӣ
Дев бувад мардуми бемардумӣ...
Мардумӣ аз мардумият лозим аст,
Уд, ки бўяш набувад, ҳезум аст.
Дар маснавии "Матлаъуланвор" ҳарчанд ғояи шоҳи одил дар баъзе мавридҳо ифода шудааст, вале идеали инсони комил дар он шоҳи одил набуда, инсони меҳнаткашест, ки дорои накўтарин хислатҳо буда, бо меҳнати ҳалол рўз мегузаронад. Ў муштоқи зару зевар, ганҷу моли фаровон нест ва ризқу рўзии худро бо ранҷу меҳнат ба даст меорад. Шоир маҳз бузургии ҳамин гуна инсон ситоиш мекунад:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо