Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тиратар он хона, ки ганҷаш фузун,
Поктар он луқма, ки ранҷаш фузун.
Сўзани дарзӣ ба ду донги сиёҳ,
Ҳаст беҳ аз теғи ҷаҳонгири шоҳ.

Инсони меҳнаткаш бо арақи ҷабин ҳосил мепарварад, вале аз самараи меҳнати вай асосан шоҳону ҳукмронони давр баҳраманд гардида, ба худи ў бошад танҳо қурси ҷавин мерасаду халос:

Мир ҳама гандуми деҳқон хўрад,
Барзгар он курси ҷавин нон хўрад.

Шоир ҳамеша манфиати аҳли меҳнату ҳунарро ҳимоя мекунад ва давлатмандонро ба эҳтиром кардану азиз доштани онҳо даъват менамояд:

Эй, ки ниҳӣ ганҷ ба ҳар гўшае,
Ёд кун аз фоқаи бе тўшае.

Диққати шоирро дар маснавӣ зебоии инсон низ ба худ ҷалб намудааст:
Дил чу рухи хуб таманно кунад,
Дида ба ночор тамошо кунад.

Вале ба ақидаи шоир ҳусни ҳақиқии инсон дар зебоии зоҳирӣ набуда:

Ҳусн на накўии ранг асту пўст,
Хуни фусурда натавон дошт дўст.

Аз зебоии олами ботинӣ ва рафтору хислатҳои шоистаи ў иборат аст:

Одамӣ аз хўи накў х(в)аш бувад,
Хас ҳама ҷо дархўри оташ бувад.

Некиву накўкорӣ фазилати асосии инсон буда, моҳият ва симои ҳақиқии ўро нишон медиҳад. Шоир дар байни накўрўиву накўхўӣ, яъне зебоии зоҳириву ботинии инсон фарқе мегузорад ва рафтору хислатҳои неку ҳамидаро аз ҳама афзал шуморида, зўрдастону ситамкоронро аз қатори одамиён дур медонад:

Ҳар кӣ дар ў сирати некў бувад, Одамӣ аз одамиён ў бувад.

пешина
аз 625
навбатӣ