Зеҳн
Равзанаи адаб

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 625 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он ки мизоҷаш ҳама зўр асту зўр,
Дур зи мо одамиён аст, дур.
Некии мардум на накўрўӣ аст,
Хўи накў мояи некўи аст.

Нуқтаи назари Амир Хусравро дар хусуси бартарии зебоии олами ботинӣ аз ҳусну ҷамоли зоҳирии инсон дар зимни тамоми офаридаҳои бадеии ў равшан мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ҷумла шоир дар яке аз қитъаҳояш менависад:

Аз ҳусн нафис нест мардум,
Аз ҷавҳари мардумӣ нафис аст.
Зеборўе, ки ҳаст бадхўй,
Чун хубхати хатонавис аст.

Бояд гуфт, ки некиву накўкорӣ ва мардумӣ барин мафҳумҳо, ки дар маснавии "Матлаъуланвор" хеле зиёд дучор меоянд, мафҳумҳои таҷридиву хаёлӣ набуда, ҷиҳатҳои гуногуни ахлоқ ва олами маънавии инсонро ифода менамоянд. Ба ақидаи шоир дўстӣ шарти нахустини некиву накўкорист. Зеро бе дўсту дўстӣ зиндагӣ кардани чи барнову чи пир аз имкон берун аст. Шоир тарафдори он дўстиест, ки мудом пойдору устувор бошад:

Дўстие бояд аз он гуна ҷуст,
К-он абадуддаҳр бимонад дуруст.

Шоир таъкид мекунад, ки на ҳама шарту одоби дўстиро ба ҷой оварда метавонанд ва на ҳар кас шоистаи дўстист. Бинобар ин бояд ҳамеша дўсти оқил ва ҳақиқиву ҷониро ҷустуҷў намуд ва бояд дўстеро пайдо кард, ки дар шодиву ғам мўнису ҳамдам бошад.
Вагарна "ёри ғаразҷўй фаровон бувад".
Дар назари шоир илм чароғест, ки роҳи инсонро мунаввар карда, ўро аз душвориву хавфу хатарҳо эмин медорад ва ба некўкориву иҷрои корҳои шоиста ҳидоят менамояд:

Аз мадади илм фароғет не,
Дар шаби торик чароғет не...

Илм воситаи муҳимми ташаккули инсон буда, ўро аз
чоҳиливу нодонӣ, зарпарастиву такаббур ва дигар хислатҳои баду
манфур дур медорад. Бинобар ин шоир поку азиз доштани илму
донишро талқин намуда, "илми ту нур аст, сиёҳаш макун", хитоб мекунад ба хонанда.

пешина
аз 625
навбатӣ