Равзанаи адаб

Амир Хусрав низ дар қатори дигар классикони адабиёти тоҷику форс арзиши илмро дар пайвастагӣ ба амал медонад ва олими беамалро ба дарахти бебару сўзани беришта монанд карда, илми аз амал дурро тани беҷон мешуморад:
Илм, к-аз аъмол нишонеш нест,
Колбуде дораду ҷонеш нест.
Яке аз василаҳои асосии камолоти инсон аз назари Амир Хусрав меҳнат аст. Вале шоир танҳо ҳамон меҳнатро ситоиш мекунад, ки поку ҳалол буда, ба манфиати мардум равона шудааст ва мақсади он некиву накўкорист:
Мурда наӣ, даст ба коре бизан,
Даст манигар баста ту боре бизан...
Дар амале кўш, ки покӣ бувад,
Кўшиши нопок ҳалокӣ бувад.
Ҳиммату кўшиши василаи муҳимии оғозу анҷом ҳар кори душвор мебошанд. Зеро онҳо инсонро аз мўҳтоҷиву нотавонӣ раҳоӣ бахшида ба иҷрои корҳои бузург раҳнамун месозанд:
Ҳиммат агар ваҳми туро бишканад,
Ин ҳама душвори ту осон шавад.
Мардумӣ дар назари шоир пеш аз ҳама аз ҷавонмардию саховатмандӣ, дастгирии афтодагон, мададгору парастори бечорагон будан ва амсоли инҳо иборат аст:
Кори ҷавонмард на рухзардӣ аст,
Мардумӣ дар зери ҷавонмардӣ аст...
Ростиву садоқат, фурўтаниву вафодорӣ, сабру тоқат, хушсуханиву қаноат ва амсоли инҳо низ аз фазилатҳоеанд, ки Амир Хусрав барои ҳар инсони комил хос ва зарур мешуморад.
Шоир вазифаи инсонро на танҳо дар беадолатӣ, балки ҳамчунин дар мураббиву тарбиятгари беадабон будан медонад:
Ту адаби нафси бадандеш кун,
Беадабонро ба адаб хеш кун.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо